Хоҳари калонии Шабнами Сурайё дучори садама шуд
Рӯзигул, духтари калонии Сурайёи Қосим ва хоҳари бузурги Шабнами Сурайё, дар садамае аз пояш ҷароҳат бардошта, дар бемористон табобат мегирад. Наздикони Рӯзигул гуфтанд, ки ин ҳодиса баъд аз зуҳри 2-юми март дар чорроҳаи миёни Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ рух дод.
Рӯзи ҷумъа сарусадо дар бораи гӯё дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон будани Шабнами Сурайё ба чархиш даромад. Чанде аз корбарони Радиои Озодӣ низ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пурсиданд, ки ин хабар то куҷо дуруст аст.
Қаблан Шабнами Сурайё эълон карда буд, ки барои иштирок дар барномаҳои наврӯзии телевизиони GEM дар Туркия қарор дорад. Рӯзигул низ рӯзи 3-юми март дар суҳбат бо ҳафтаномаи «СССР» гуфтааст, ки хоҳараш дар Туркия аст ва ҳеч садамае накардааст.
Рӯзигул гуфтааст, ӯ дучори садама шуд ва пояшро «гипс» карданд. «Ҳоло вазъам хуб аст», - афзудааст ӯ.
Ӯ нақл кардааст, ки «таксии «0550» фармоиш дода, аз хона поин шудам. Ҳангоми гузаштан аз чорроҳаи назди Вазорати тандурустиву бинои ВКД таксӣ истод. Зеро «светофор» сурх буд. Чун сабз шуд, гузаштем. Вале ин ҳангом як мошини тамғаи «Нексӣ» бо суръати баланд чароғаки роҳро дар ранги сурх гузашта, омада ба таксии мо зад. Ба назарам омад, ки чанд бор чарх зада, ахиран сарам ба дари салон заду ҳушам рафт.»
Сурайёи Қосим, овозхони маъруфи тоҷик соҳиби се духтар – Рӯзигул, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аст. Ба фарқ аз духтарони дигараш Рӯзигул касби овозхониро интихоб накардааст. Ягона писари ӯ Эмомалиҷони Хуршед соли 2017 даргузашт.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонедАмрико бо $745 000 ба нерӯҳои ОМОН дар Ромит маркази таълимӣ сохт
Сафорати Амрико дар Душанбе ба сохтмони як иншоот барои Маркази таълимии нерӯҳои ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 745 ҳазор доллар кумак кардааст.
Тибқи иттиллои сафорати Амрико дар Душанбе, дар маросими супоридани ин бино, ки 22-юми феврал баргузор шуд, сафир Ҷон Марк Поммершайм ва мувоини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода ҳузур доштанд.
Манбаъ мегӯяд, бино дуошёна буда, аз ҳуҷраҳо, синфхонаҳо ва манзилҳои муваққатӣ иборат аст. Он дар минтақаи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бунёд шудааст.
Моҳи июли соли гузашта низ дар чаҳорчӯби Барномаи фармондеҳии марказии Амрико барои мубориза бо маводи мухаддир, постгоҳи марзии Тахти Сангин бо маблағи 570 ҳазор доллар таъмир шуда буд. Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, дар посгоҳи марзии "Даркад"-и вилояти Хатлон низ як тарҳи бозсозӣ оғоз шудаст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.
Тарҳи маркази таълимӣ аз сӯи Барномаи Фармондеҳии марказии Амрико оид ба мубориза бо маводи мухаддир маблағгузорӣ шуда, тавассути Бахши ҳамкориҳои низомии сафорати ИМА амалӣ карда шуд.
Дар 15 соли охир дар чаҳорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар ёрӣ пешниҳод шудааст. Ин кумакҳо аз нақлиёт, таҷҳизот ва бозсозӣ ё бунёди посгоҳҳои сершумори марзӣ иборат аст. Амрико аз соли 1992 то кунун ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар ёрӣ расондааст.
Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон суръат гирифтааст
Яке аз пиряхшиносони маъруфи Тоҷикистон гуфтааст, таҳқиқот дар соли 2021 нишон дод, ки обшавии пиряхҳои кишвар, як сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ суръат гирифтааст.
Абдулҳамид Қаюмов дар суҳбат бо рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” гуфтааст, Маркази омӯзиши пиряхҳо соли 2021 дар куҳистонҳои кишвар 11 экспедитсияи илмӣ-омӯзишӣ анҷом дод ва маълум шудааст, ки пиряхҳо дар муқоиса ба солҳои гузашта зудтар об мешаванду ақибнишинӣ мекунанд.
Ӯ мисол овардааст, ки ҳавзҳои болои пиряхи Баралмос дар ноҳияи Лахш пештар дар се ё чаҳор сол як бор пиряхҳоро рахна карда, ҷорӣ мешуданд, аммо танҳо дар соли 2021 се маротиба рахна шудаанд. Танҳо дар яке аз ин ҳодисаҳо дар соли 2021 дар натиҷаи обхезӣ 500 метр шоҳроҳи Лахш аз байн рафта, зиёни он даҳҳо миллион сомониро ташкил додааст.
Пиряхҳои азимтарини Осиёи Марказӣ Дар Тоҷикистон ҷой гирифтаанд ва дар ин кишвар нигаронӣ аз гармшавии курраи Замину нобуд шудани пиряхҳо зиёдтар мешавад.
Дар даҳсолаҳои ахир дар кишвар ба сабаби боло рафтани ҳарорат дар курраи Замин ҳазорон пирях дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон бухор ва нобуд шудаанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Вазири пешини дифои Қазоқистонро ду моҳ ҳабс карданд
Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 22-юми феврал Мурод Бектанов, вазири пешини мудофиаи ин кишварро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Бектанов бо иттиҳоми беамалӣ дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки ибтидои моҳи январи имсол дар он кишвар рӯй дод, боздошт шуд.
Бектанов аз моҳи августи соли 2021 вазири дифои Қазоқистон буд. Вай 19-уми январи имсол дар авҷи эътирозҳо бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз мансаб барканор шуд.
Ибтидои моҳи январ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди якбора боло рафтани қимати гази моеъ сокинон ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо Алмато ва чанд шаҳри дигари Қазоқистонро фаро гирифта, ба беназмиҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳ печиданд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, беназмиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд. Далели қонеъкунандае дар ин маврид то кунун нашр нашудааст. Дар натиҷаи он бетартибиҳо 227 кас кушта шуд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Боздошти корманди як идораи давлатӣ бо гумони фасод дар Душанбе
Мақомоти Оҷонси зидди фасод дар Тоҷикистон масъули як корхонаи давлатиро бо гумони гирифтани пора дастгир кардаанд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, сардори шуъбаи кадрҳо дар Корхонаи “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансур барои додани дафтарчаи кории қалбакӣ ва гирифтани 4000 сомонӣ гумонбар аст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар соли 2021 дар кишвар беш аз 2000 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, аксар мавридҳои ришваситонӣ аз ҷониби кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, корҳои дохилӣ ва идораи замину бонкҳо содир шуда, дар умум нисбати 600 нафар парванда боз кардаанд.
Бино ба гузориши ахири созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар Тоҷикистон мизони фасод хеле баланд аст. Ин созмон дар гузориши моҳи январаш кишварро дар миёни 30 давлати дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дод.
- Навтаринҳо
- Пешина
Зеленский хоҳони кумаки возеҳ ва муассир дар баробари Русия шуд
Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, дар ҳоле ки кишвараш дар баробари таҳдид қарор дорад, аз муттаҳидонаш вокуниши возеҳ ва муассирро интизор аст.
"Мо аз шарикони худ қадамҳои ҳимоятии возеҳ ва муассиреро интизор дорем. Акнун бисёр муҳим, ки бубинем чӣ касе дӯст ва шарики воқеии мост ва кӣ ба тарсонидани Русия бо сухан идома хоҳад дод," -- афзуд Зеленский рӯзи 21-уми феврал дар паёми телевизионӣ.
Ин суханонро ӯ пас аз он иброз дошт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳушдорҳои Созмони Милал ва Ғарбро нодида гирифта, "истиқлол"-и минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскавро эълон кард.
Путин ҳамчунин гуфт, ба ин минтақаҳо барои пуштибонӣ аз ғайринизомиён нерӯ мефиристад. Кишварҳои ғарбӣ ин талоши Русияро маҳкум карда, онро ишғоли қаламрави Украина хонданд.
"Украина ба таври ошкоро амалкарди ахири Русияро нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии кишварамон арзёбӣ мекунад," -- афзуд Зеленский.
- Навтаринҳо
- Пешина
Амрико алайҳи Луганск ва Донетск таҳрим ҷорӣ кард
Президенти Амрико Ҷо Байден ба зидди ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск таҳрим ҷорӣ кард. Фармони таҳрим дар сомонаи Кохи Сафед нашр шуд.
Бар асоси ин таҳрим, шаҳрвандони Амрико ҳақ надоранд, дар иқтисоди Донестк ва Луганск сармоягузорӣ кунанд. Ба илова, воридоту содирот аз ҳудуди Донетску Луганск ба Амрико манъ шуд. Ҳамчунин, бар асоси ин фармон, ҳар касе, ки дар Донетск ва Луганск ба фаъолият мепардозад, шомили таҳримҳо мешавад.
Ҳамаи дороиҳои марбут ба афроде, ки ба Донетск ва Луганск алоқа доранд, дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳабс гирифта мешаванд.
"Эътирофи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Ҷумҳурии мардумии Луганск аз сӯи Русия, ки қаламрави Украина ҳастанд, хилофи уҳдадориҳои Русия дар доираи созишномаи Минск аст ва (эътирофи ин ду ҷумҳурӣ) ба сулҳу устуворӣ ва истиқлолу ягонагии арзии Украина таҳдиди бештар ба бор меорад", - омадааст дар фармон.
Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи фаврии ин шӯро гуфт, Путин "созишномаи Минскро пора-пора кард". Вай ҳамзамон илова кард, ки Маскав даъвои соҳиб шудан ба ҳудудҳои империяи Русияро дорад, ки 100 сол пеш, то замони Иттиҳоди Шӯравӣ, мавҷуд буд.
"Путин мехоҳад, дунё ба гузашта, ба замоне баргардад, ки ҳанӯз Созмони Милали Муттаҳид мавҷуд набуд ва дунёро империяҳо идора мекарданд. Аммо дунё дигар пеш рафтааст. Ҳоло соли 1919 нест, балки соли 2022 аст," -- гуфт Томас-Гринфилд.
Владимир Путин шаби гузашта дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луганск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.
Толиб Шаҳидӣ: Агар раҳбарони ҷаҳон Мотсарту Чайковскийро гӯш кунанд, шояд ҷанг нашавад
Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, дар асари наваш бо садои кӯдакон ба ҷаҳон паёми сулҳ мефиристад. Қарор аст, асари нави ӯ бо номи “Тик-ток” дар иҷрои хори кӯдакон бори аввал моҳи марти имсол дар як калисои Маскав садо бидиҳад.
Ба гуфтаи Толиб Шаҳидӣ, асари мусиқӣ матни навишташуда надорад ва “аз роҳи импровизатсия духтарону писарон маҷмӯи садоҳоеро талаффуз мекунанд, ки даргузашти вақтро ифода мекунанд.”
“Паёми асар ин аст, ки ҳамаи мо бояд барои сулҳ талош кунем, вале ин имконият на ҳамеша даст медиҳад. Бо садои кӯдакон, ки мавҷудоти поку беолоишанд, шояд рӯзе муваффақ шавем,” – гуфт ӯ рӯзи 22-юми феврал.
Толиб Шаҳидӣ, ки солҳои охир бештар дар хориҷа ба сар мебарад, гуфт, ба монанди дигарон ин шабу рӯз аз танишҳои сиёсӣ дар саҳнаи байналмилалӣ нороҳат мешавад.
Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бо ишора ба таҳаввулоти атрофи Украина гуфт: “Ба фикрам, ҳамаи мо он чиро, ки дар ҷаҳон мегузарад, эҳсос мекунем. Ин беақлӣ аст. Таҳаввулоти ҷаҳон ба рӯҳияи кас фишор меорад. Бисёр мехостам, ки раҳбарони ҷаҳон ба ҷои ҷаласа кардан, дар як толор ҷамъ шуда, “Реквием”-и Мотсарт, Верди ва ё симфонияи 6-уми Чайковскийро гӯш мекарданд. Шояд баъди ин аз фикри ҷанг даст мекашиданд.”
Оҳангсози маъруф мегӯяд, худи ӯ мавзӯи ҷангу сулҳро дар яке аз асарҳои охираш бо номи “Дориюш” ҳам ифода кардааст. Ин асари симфонӣ дар бораи муҳорибаҳои Искандари Мақдуниву шоҳ Дориюш, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон эҷод шуда буд, бори аввал чанд моҳ пеш аз ҷониби Оркестри давлатии симфонии ба номи Светланови Маскав ба иҷро даромад.
Ӯ мегӯяд, дар ин барномаи консертӣ порае аз балети “Марги судхӯр”-и ӯ ҳам садо дод, ки соли 1978 ба муносибати 100-солагии таваллуди Садриддин Айнӣ дар саҳнаи Театри опера ва балети шаҳри Душанбе ба саҳна гузошта шуд.
Оҳангсози тоҷик, ки 13-уми март 76-сола мешавад, мегӯяд, як соли охир, бо вуҷуди пандемияи коронавирус, асарҳои ӯ аз саҳнаҳои консертии шаҳрҳои Русия зиёд садо додааст. Ним сол пеш дар толори калони Консерваторияи ба номи Чайковскии шаҳри Маскав зери раҳбарии дирижери театри Мариианский Гавриэл Гейне шаби эҷодии Шаҳидӣ барпо шуд. Асарҳои дигараш аз саҳнаҳои консертии Нижнийй Новгород ва Қазон садо дод.
- Навтаринҳо
- Пешина
Шаҳрдори Бишкек тасмим дорад, бо пули қарз 370 автобус бихарад
Шаҳрдории Бишкеки Қирғизистон тасмим дорад, дар доираи ду созишномаи қарзӣ 370 автобуси нав бихарад. Дар ин бора Ойбек Ҷунушалиев, раиси шаҳри Бишкек рӯзи 22 феврал хабар дод.
Вай гуфт, бо Бонки осиёии рушд барои гирифтани 50 млн доллар қарз созиш ҳосил шудааст. "650 ҳазор доллари дигар барои зерсохтор ҷудо мешавад. 25 млн он - қарзи имтиёзнок, 24 млн 650 ҳазораш - кӯмак аст. Бо ин маблағ мо 120 электробус мехарем", - гуфт шаҳрдори Бишкек.
Қарзи дувуми Бишкек аз Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд аст, ки 33 млн евроро дар назар дорад. Бо ин маблағ Бишкек мехоҳад, 250 автобуси дигар харидорӣ кунад.
Раиси шаҳри Бишкек гуфт, пойтахти Қирғизистон дар маҷмуъ ба 1700 автобус ниёз дорад. Дар ҳоле, ки айни замон дар кӯчаҳои Бишкек ҳамагӣ 130 троллейбус ва 82 автобус дар гардиш аст.
- Навтаринҳо
- Пешина
Қазоқистон гуфт, ба Донетск ва Луганск неру намефиристад
Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, имкон надорад, ки дар доираи нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск - дар шарқи Украина - нерӯ фиристода шавад.
"Не, ин имкон надорад, зеро оинномаи СПАД истифодаи нерӯи сулҳофар ва низомиро маҳдуд кардааст. Онҳоро мешавад, танҳо дар ҳудуди СПАД истифода кард", - гуфт Тлеубердӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорус узви СПАД ҳастанд.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳамчунин қабули қонун дар бораи тасдиқи созишномаи ҳамкории низомӣ бо Русияро шарҳ дод. Ин қонун як ҳафта пеш аз сӯи порлумони Қазоқистон қабул шуд. "Пеш аз ҳама ин хариди техникаи низомӣ, баргузории машқҳои муштарак аст", - гуфт вазир.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шоми 21-уми феврал дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.
Ин иқдом метавонад хатари низоъро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони ғарбӣ зидди амалҳое ҳушдор додаанд, ки истиқлолияти Украинаро халалдор мекунанд.
Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост, ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина метавонад, ҳамлаи Русияро ба Украина ногузир гардонад.
- Навтаринҳо
- Пешина
"Зиндагии духтару писари аз 7-сола боло дар як ҳуҷра манъ карда шавад." Тағйироти нав дар Тоҷикистон
Вакилони порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки зиндагии духтару писари аз ҳафтсола боло дар як ҳуҷра манъ карда шавад. Ин пешниҳод ба хонаҳои навсохте рабт дорад, ки мақомот тибқи қонун бояд ба оилаҳои соҳиби имтиёз бидиҳанд.
Дар тарҳи ислоҳшудаи Кодекси манзил, ки онро 9-уми феврал қабул карданд, гуфта шудааст, “ҳангоми додани манзили истиқоматӣ дар як ҳуҷра маскун намудани шахсони гуногунҷинси аз ҳафтсола боло, ба ғайр аз зану шавҳар, манъ аст.”
Зоҳиран ин ба он маъност, ки ҳукумат ҳангоми додани хона ба оилаҳои ниёзманд бояд шумора, син ва ҷинси кӯдаконро ба назар гирад ва барои писару духтарон ҳуҷраҳои алоҳида созад.
Дар қонунгузории Тоҷикистон ин тағйирот нав аст.
Бо назардошти нархи гарони хона дар Тоҷикистон бисёре аз сокинон ҳангоми харидан ё ба иҷора гирифтани хона теъдод ва ҷинси фарзандонро ба назар намегиранд ва бо чанд фарзанд дар хонаи якҳуҷраӣ ҳам зиндагӣ мекунанд.
Дар бисёре аз кишварҳо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ ҷиддӣ аст ва як талаби мақомот ин аст, ки бояд хона барои зиндагии алоҳидаи кӯдакон шароити хуб дошта бошад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Кишварҳои ғарбӣ амалкарди Путинро сахт танқид карданд
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, шаби 21-уми феврал фармон дод, ки нерӯҳои ин кишвар ба минтақаҳои зери назари ҷудоиталабон дар Украина ворид шаванд. Ҳаракате, ки ба гуфтаи раҳбарони кишварҳои ғарбӣ барои Русия оқибатҳои сангине хоҳад дошт.
Чанд соат пештар аз ин фармон, Владимир Путин қарор дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетскро имзо кард, ки Созмони Милал тарафдори он нест.
Кишварҳои ғарбӣ, ки аз сар задани муноқиша байни Русияву Украина метарсанд, амалкарди Путинро сахт танқид карданд.
Ҳукумати Амрико гуфт, раиси ҷумҳур Ҷо Байден дар як суҳбати телефонӣ бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба азми қотеи Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина таъкид кардааст.
Фармони фиристодани нерӯҳои Русия ба Луганск ва Донетск, ки рӯзи 21-уми феврал имзо шуд, аз ҳамон рӯз бояд иҷро шавад, аммо маълум нест, ки 150 ҳазор сарбози дар марзи Украина ҷамъомадаи рус, ҳаракат ба самти хоки Украинаро оғоз кардаанд ё не.
Дар фармон омадааст, ки артиши Русия барои нигаҳдории субот ба хоки Донетск ворид мешавад. Хабаргузории "Рейтерз" бо нашри наворҳо гуфт, ки ҳаракати мошинҳои низомӣ дар наздикиҳои Донетскро мушоҳида кардаанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои январии Қазоқистон
Мақомоти интизомии Қазоқистон дар пайванд ба эътирозу ноамниҳои моҳи январи имсол дар ин кишвар 20 хориҷӣ, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест. Дар Душанбе хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Омбудсмени Қазоқистон, Элвира Азимова, ба хабаргузории Tengrinews гуфтааст, "то имрӯз дар бораи бист шаҳрванди хориҷӣ маълумот дорем. 12 шаҳрванди Узбекистон, се шаҳрванди Русия, ду нафар аз Қирғизистон, якнафарӣ аз Тоҷикистону Чин ва як нафар бешаҳрванд."
Хабаргузории ТАСС рӯзи 22-юми феврал навишт, аз миёни шаҳрвандони Қирғизистон як нафар дар Тароз ва дигаре дар Уст-Каменогорск ҳастанд. "Оне, ки дар Уст-Каменогорск аст, муддати дароз дар Қазоқистон ба сар мебарад ва иҷозаи иқомат дар кишвари моро дорад," -- шарҳ додааст хонум Азимова.
Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар аввал дар миёни боздоштшудаҳо ноболиғони "16-17-сола" низ буданд. "Пас аз санҷиши додситонӣ ва бо замонати волидонашон озод карданд. Онҳо ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, ҳамла ва тасарруфи биноҳо ва дуздии аслиҳа гумонбаранд," – шарҳ додааст ӯ.
Моҳи январи имсол сокинони вилояти Мангистау дар Қазоқистон бо норозигӣ аз болоравии нархи гази моеъ эътироз карданд. Тазоҳуроти ба ин монанд дар шаҳрҳои дигари Қзаоқистон низ сар зад, аммо дар Алмаато ба хушунат печид.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ҳамлаи "террористони хориҷӣ" хабар дод ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост.
Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодисаҳо 227 нафар кушта шуда, ҳазорҳо каси дигар захмиву дастгир шудаанд. Пайвандони дастгиршудаҳо аз шиканҷа ва бархӯрди номуносиб бо наздиконашон шикоят доранд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Нишасти изтирории Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Украина. Вуруди тонкҳо ба Донетск
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шаби душанбе, пас аз он ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби шарқи Украинаро ба расмият шинохт, нишасти фавқулода баргузор кард.
Сафири Фаронса дар СММ чанд лаҳза пеш аз баргузории ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, "бо як вазъияти бисёр драмматикӣ рӯбарӯ ҳастем". Фаронса аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки ин амали Русияро маҳкум кард ва хоҳони нишасти фавқулодаи Шӯрои Амният шуда буд.
Линда Томас-Гринфилд, сафири Амрико дар СММ, дар суханронии худ амалкарди Путинро барои фиристодани нерӯи низомӣ ба Донетск ва Луҳанск сахт накӯҳиш кард ва гуфт, "мо медонем онҳо воқеан кӣ ҳастанд".
Чанд соат пеш аз ин нишаст хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш дода буд, ки худравҳои низомӣ, аз ҷумла тонкҳо вориди шаҳри Донетск шуданд. Ин гузориш мегӯяд, панҷ тонк дар дарвозаи вурудӣ ва ду тонк дар дохили шаҳри Донетск дида шудааст.
Президенти Русия дастур дод, ки нерӯҳои ин кишвар ба минтақаҳои ҷудоиталаб дар шарқи Украина дохил шаванд. Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ тасмими Маскавро ба шиддат маҳкум карда, ваъда додаанд, ки таҳримҳои сахтеро алайҳи Русия ҷорӣ хоҳанд кард.
Владимир Путин шаби 21-уми феврал дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.
- Навтаринҳо
- Пешина
Михаил Саакашвилӣ дубора гуруснанишинии бемуҳлат эълом кард
Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон, рӯзи 21-уми феврал дар додгоҳи шаҳри Тбилиси (Тифлис) гуфт, тасмим гирифтааст, ки ба зидди поймолшавии ҳуқуқаш дубора гуруснанишинӣ эълом кунад.
Президенти пешини Гурҷистон, ки дар доираи панҷ парванда ба ӯ то 11 сол зиндон таҳдид мекунад, гуфт, гуруснанишинии бидуни муҳлати ӯ нишони ҳамраъйӣ бо мардуми Украина низ хоҳад буд, ки "барои озодӣ мубориза мебаранд". Саакашвилӣ дар ҳоли ҳозир шаҳрванди Украина аст.
Собиқ президенти Гурҷистон моҳи октябри соли гузашта низ гуруснашинӣ карда буд. Вай талаб кард, ки таъқиби ҷиноии ӯ қатъ шавад. Саакашвилӣ ҳангоми вуруд ба Гурҷистон боздошт шуд. Зиддаш 5 парванда таҳқиқ мешавад.
Мухолифони Гурҷистон мегӯянд, парвандаҳои Саакашвилӣ ангезаи сиёсӣ доранд. Дар ҳимоят аз Саакашвилӣ 10 вакили порлумон ва яке аз роҳбарони ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ" гуруснашинӣ эълом карда буданд.
Чанде аз сиёсатмадорони аврупоӣ ба озодии президенти пешини Гурҷистон даъват доранд. Барои озодии Саакашвилӣ президенти кунунии Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ бояд, қарори афвро имзо кунад. Аммо Зурабишвилӣ ба такрор гуфт, ки афвро имзо намекунад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Тошканду Душанбе дар бахши муҳоҷират чанд санад имзо карданд
Дар ҷараёни сафари як гурӯҳи кории Тоҷикистон ба раҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдулғаффор Раҳмонзода ба шаҳри Тошканд чаҳор санади ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират имзо шудааст.
Ба огаҳии Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии Узбекистон, ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар, ки рӯзҳои 16-18 феврал анҷом шудааст, миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷирату шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғли аҳоливу муносибатҳои меҳнатии Узбекистон эъломияи қасди ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши касбӣ имзо гаштааст.
Ҳамчунин ҷонибҳо эъломияи қасди ҳамкорӣ дар самти рақамисозии муносибатҳои меҳнатӣ ва идораи лоиҳаҳоро ба имзо расониданд.
"Санадҳои имзошуда ба беҳсозӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши меҳнат равона шудаанд", - афзудааст Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии Узбекистон.
- Навтаринҳо
- Пешина
Додгоҳи Қазоқистон 52 касро дар робита ба ҳодисаҳои январ муҷозот кардааст
Намояндаи Вазорати умури дохилии Қазоқистон 21 феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, муфаттишон таҳқиқи 107 парвандаи марбут ба ҳодисаҳои моҳи январро ба поён расонда, ба додгоҳ фиристодаанд. Ба гуфтаи намояндаи вазорат, бештари парвандаҳо ба "ғоратгарӣ" ва "ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ" рабт дорад.
Сардори Департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Санжар Одилов гуфт, то имрӯз парвандаи 86 гумонбар дар бетартибиҳои моҳи январ ба додгоҳ фиристода шудааст ва додгоҳҳо аллакай 52 нафарро муҷозот кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин миён озодии 39 кас маҳдуд ва 13 нафар аз озодӣ маҳрум шудааст. Тафтишот зидди ду тани дигар ба далели созиши ҷонибҳо қатъ гаштааст.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дода, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ 2729 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.
Кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 728 кас бо гумони иштирок дар бетартибиҳои моҳи январ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.
Путин ба зудӣ тасмим мегирад, ки "истиқлол"-и ду минтақаи Украинаро эътироф кунад ё не
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, "имрӯз" тасмим мегирад, ки "истиқлол"-и Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро ба расмият бишиносад ё не.
Изҳороти Путин 21-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Русия садо дод.
Ин тасмим метавонад, барои Аврупо муҳим бошад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ аз гирд омадани беш аз 150 ҳазор сарбоз ва афсари Русия дар наздикии марз бо Украина нигаронанд. Онҳо аз эҳтимоли ҳамлаи низомии Маскав ба Украина ҳушдор додаанд.
Путин рӯзи душанбе гуфт, тарҳи сулҳ барои хатми низоъ дар шарқи Украина "дурнамо" надорад. Ҷое, ки Киев аз соли 2014 ба ин сӯ бо ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав меҷангад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, бовар дорад, Путин аллакай дар бораи ҳамла тасмим гирифтааст.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 21-уми феврал ҳушдор дод, ки "пешбинӣ мекунем, онҳо (тонкҳои Русия) метавонанд, дар соатҳо ё рӯзҳои наздик сарҳади Украинаро гузаранд".
Раҳбарони минтақаҳои ҷудоихоҳ дар рӯзҳои охир дар бораи кӯчондани мардум хабар доданд. Раиси ҷумҳури Русия дар нишасти Шӯрои Амнияти кишвараш гуфт, баҳси ҳозира дар бораи "пайвастан"-и минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳон ба қаламрави Русия нест.
- Навтаринҳо
- Пешина
Мудир "не" гуфт, раис эътироф кард. Мушкили мактаби "кӯҳна"-и Муъминобод ҳал шуд? ВИДЕО
Мушкили мактаби "куҳна-"и Муъминобод ҳал шуд?- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Мушкил дар як мактаби кӯҳнаи ноҳияи Муъминобод, ки Радиои Озодӣ аз ҳоли ногувораш гузориш дода буд, дар ду рӯз ҳал шудааст. Акнун хонандагоне, ки дар синфхонаҳои хатарнок ва қариб бе мизу курсӣ таҳсил мекарданд, дар ҷойи амну беҳтар таҳсил доранд.
Мудири маорифи ноҳия намехост, камбудҳоро эътироф кунад. Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод, рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "хуб шуд, ки як гузориш баҳона гардид, то мактабҳои дигар бозсозӣ ва таъмир шаванд."
Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми январи имсол гузориш дод, ки бинои мактаби рақами 7 дар ҳолати садамавӣ аст ва мизу курсиҳояш шикаста. Хонум Шарифзода гуфт, "баъди он ки наворро дар интернет гузоштанд, ҳамроҳи муовини бахши идеология хоб нарафта, камбудҳоро бартараф карданд. Ман инкор накардаам. Хуб шуд. Бовар дорем, Вазорати маориф ва мақомоти Хатлон моро дастгирӣ мекунанд."
Курсиҳо ва дару девори шикаста. Ҳоли зори як мактаб дар ноҳияи Муъминобод. ВИДЕОДар мактаби рақами 7 дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз ҳаштсад шогирд мехонанд. Онҳо пештар шикоят доштанд, ки дар се миз то 13 нафар менишинанд. Хонандагони синфҳои ибтидоии мактаб дар чаҳор ҳуҷраи бемористони деҳа ҷой дода шудаанд.
Мактаби рақами 7 ду бино дорад. Синфхонаҳои бинои садамавиро солҳои панҷоҳум ва бинои таъмиршударо солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохтаанд.
Ноҳияи Муъминобод баландкӯҳ буда, дар 230-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ҳоло дар ноҳия 65 мактабро сабт кардаанд. Масъулони идораи маориф гуфтанд, чаҳор мактаб дар ҳолати садамавӣ аст.
Аммо дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, дар Муъминобод 24 мактаб садамавӣ ва таъмирталаб аст.
Бо вазъи пешинаи мактаб дар ин гузориш ошно шавед:
Ҳоли зори як мактаб дар ноҳияи Муъминобод- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
- 240p | 6,3MB
- 360p | 9,6MB
- 480p | 15,3MB
- 720p | 35,7MB
- 1080p | 52,2MB
- Навтаринҳо
- Пешина
Сабукӣ барои муҳоҷирони кишварҳои узви ЕАЭС дар Русия
Барои муҳоҷирон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Қирғизистон, дар сабти аснод дар маркази маъруф ба "Сахарово"-и шаҳри Маскав сабукӣ дода шудааст.
Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Русия, дар "Сахарово" даромадгоҳи махсус барои шаҳрвандони Қирғизистон боз шудааст, ки "бидуни навбатпойӣ метавонанд, ворид шаванд ва санадҳояшонро сабт кунанд".
Рӯзи 17-уми феврал Қирғизистон дар робита ба ҷорӣ кардани тартиботи нав барои муҳоҷирон ба ҷониби Русия нота фиристода буд. Қирғизистон дар нота гуфта буд, ки анҷоми ташхиси тиббӣ ва сабти изи нагушт барои муҳоҷирони Қирғизистон душворӣ ба бор овардааст.
Аз 29-уми декабри соли 2021 Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия мераванд, талаботи нав ҷорӣ кард. Аз ҷумла,, муҳоҷирон вазифадор шуданд, ки дар давоми 30 рӯзи баъди вуруд аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва изи ангушту акс супоранд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Раиси ҷумҳури Эрон ба Қатар рафтааст
Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, барои иштирок дар нишасти кишварҳои содиркунандаи газ ба Қатар рафтааст. Ӯ изҳори умед кард, ки робитаҳои тиҷоратӣ ва сиёсии Эрон бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс беҳбуд меёбад. Ин сафари нахустини як президенти Эрон ба Қатар дар 11 соли охир аст.
Раисӣ рӯзи 20-уми феврал пеш аз сафар ба Қатар дар як паёми телевизионӣ гуфт, "Эрон яке аз муассисони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ аст, зеро мо яке аз се кишвари аз ҳама бештар истеҳсолкунанда ва содиркунандаи газ мебошем."
Ин сафари севуми хориҷии Иброҳим Раисӣ аз замони ба кор оғоз кардани ӯ дар моҳи августи соли гузашта аст.
Коршиносони 11 кишвари узв рӯзи 20-уми феврал ба мулоқоти худ оғоз карданд ва 21-уми феврал вохӯриҳо дар сатҳи вазирон доир мешавад. Қарор аст, мулоқоти сарони кишварҳои узви Форуми кишварҳои содиркунандаи газ рӯзи 22-юми феврал баргузор шавад.
Робитаҳои Эрон бо кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс, ба вижа Арабистони Саудӣ чандон ҳамвор набудааст. Ҳар ду кишвар аз нуфузи қобили мулоҳизае дар Ховари Миёна бархӯрдор ҳастанд. Аммо солҳои ахир бисёре аз кишварҳои минтақа дар пайи беҳбуди робитаҳо бо Теҳрон мебошанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Навори нави Аловатшоевро нашр карданд, вале шубҳаҳо боқист
Дар наворе, ки 20-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, дар боздоштгоҳ бо бародар ва амакаш вохӯрдааст. Наворро бо рамзи телевизиони “Бадахшон” нашр кардаанд, вале маълум нест он кай ва таҳти чӣ шароит сабт шудааст.
Ин ва муроҷиати видеоии дигари Аловатшоев ҳамзамон пас аз чанд рӯзи изҳороти Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ нар шуд. Ин созмон бо нигаронӣ аз сарнавишти Амриддин Аловатшоев гуфта буд, ки вакили дифоъ ӯро дар ягон боздоштгоҳ пайдо карда наметавонад.
Дар наворҳои ахир, ки дар телевизиони “Бадахшон” нашр шудаанд, Аловатшоев мегӯяд, сиҳату саломат аст ва касе ӯро “назадааст”. Маълум нест, ки наворҳо дар кадом шароит сабт шудаанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба бидуни фишор сабт шудани наворҳо шубҳа доранд.
Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа рӯзи 17-уми феврал бо нашри изҳорот гуфта буд, ки бо дархости наздиконаш барои ҳимояи Амриддин Аловатшоев вакили дифоъ ҷудо кардаанд. Аловатшоев дар навори ахир гуфтааст, ӯ дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Мақомот ҳам рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бо хешовандонаш вохӯрдааст. Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро дар Душанбе тасдиқ карданд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қубодиён. 13 кас захмӣ шуданд. ВИДЕО
Бар асари таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Ориё нефт" дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 13 кас захмӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса пас аз зуҳри 21-уми феврал "дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ" сар задааст. "7 мошини сабукрав зарар дида, 2 чорвои калон талаф ёфтанд," – гуфта шудааст дар эъломияи ВКД.
Таркиш ва сӯхтор дар як НФС-и Қубодиён- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
Пештар манобеи Радиои Озодӣ дар бораи бистарӣ шудани дастикам шаш кас дар шифохонаи ноҳияи Қубодиён гузориш доданд. Онҳо вазъи яке аз захмиёнро вазнин арзёбӣ карданд. Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи маҷруҳон ишорае нанамудааст.
Рустам Қарахонов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Қубодиён, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест." Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки "сабаб, гунаҳкор ва зарар муайян карда мешавад."
Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.
Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Мансаби бародари Рамазон Раҳимзода ва барканории писари Нуриддин Саид
Бар асоси тағйироти кадрӣ, ки 21-уми феврал сурат гирифт, Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, соҳиби мансаби нав шудааст.
Ӯро муовини мудири Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъин карданд. Раҳимзода пештар сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.
Сабаби "ҷойивазкунӣ"-и ӯ гуфта нашудааст.
Намояндагони мухолифин ва созмонҳои байнулмилалӣ солҳо боз мақомоти Тоҷикистонро ба хешутаборбозӣ ё непотизм танқид мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро аз мансаб барканор кардаанд. Ӯ мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент буд. Сабаби барканории ӯро “гузаштан ба кори дигар” гуфта, вале дар бораи мансаби наваш хабаре надоданд.
Шоҳин Саидзодаи 38-сола моҳи марти соли 2020 раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин шуд. Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро гирифтааст.
Пойгоҳи "Диссернет" дар Русия соли 2018 ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, кори Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.
- Навтаринҳо
- Пешина
Муноқишаи ду пулис бо муҳоҷирони тоҷик боиси баҳси зиёд шуд
Навори муноқишаи ду пулис бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сархати расонаҳои он кишвар қарор гирифт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баҳси зиёд ба по кард.
Дар пайи ин ҳодиса, ки рӯзи 17-уми феврал дар истгоҳи метрои "Тулская"-и Маскав рӯй додааст, ду муҳоҷири тоҷик барои саркашӣ аз амри пулис ва ҳамла ба онҳо боздошт шуданд.
Аз онҳо Саидакрам Ҳамроеви 22-сола ва Умар Расулҷонзодаи 18-сола ном бурда мешавад. Ҳарду бародар будаанд. Муноқиша баъди он сар задааст, ки пулис мехост, яке аз онҳоро барои тафтиш ба шуъба барад.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба муҳоҷирон то 5 сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоии марде нашр шуд, ки худро Расулҷон Ҳамроев, падари ин ду муҳоҷири тоҷик, муаррифӣ кардааст. Вай дар навор аз мардум барои ҳимоя аз ҳуқуқи фарзандонаш ва озодии онҳо ёрӣ мепурсад. Ҳамроев мегӯяд, аз амали писаронаш розӣ нест, аммо таъкид мекунад, ки онҳо ҳанӯз 18 ва 21 сол доранд ва ба далели ноогоҳӣ аз қонуну қоидаҳо ба чунин кор даст задаанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса ва чанд қазияи пурсарусадои дигар кору зиндагии онҳо дар баъзе минтақаҳои Русия сахттар шудааст. Онҳо аз афзоиши рейду боздошт хабар медиҳанд.
- Навтаринҳо
- Пешина
Байден розӣ шудааст, ки бо Путин мулоқот кунад
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ризоият додааст, ки барои пешгирӣ аз таҷовузи эҳтимолии Русия ба Украина бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтугӯ кунад.
Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи 20-уми феврал дар як баёнияи расмӣ гуфт, Ҷо Байден бо Путин пас аз 24-уми феврал, баъд аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ, Энтони Блинкен ва Сергей Лавров, суҳбат мекунад, ба шарте ки то он рӯз Русия ба Украина ҳамла накунад.
Пешниҳоди мулоқоти раҳбарони ду кишвар аз тарафи Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, сурат гирифт, ки ӯ пештар аз ин бо раҳбарони Амрикову Русия дар як рӯз суҳбатҳои алоҳидаи телефонӣ дошт. Дар бораи ҷой ва замони мушаххаси гуфтугӯи рӯ ба рӯи Ҷо Байден ва Владимир Путин чизе гуфта нашудааст.
Ҷо Байден рӯзи 18-уми феврал гуфт, ки бовар дорад, Владимир Путин қарор дар бораи ҳамла ба Украинаро қабул кардааст ва мумкин аст, ин ин ҳамла дар рӯзҳои оянда сурат бигирад.
Ӯ афзуд, агар Русия ин корро кунад, кишварҳои ғарбӣ ба зидди он таҳримҳои сахти иқтисодӣ ҷорӣ мекунанд. Русия айни замон дар атрофи Украина 150 ҳазор сарбозашро басиҷ кардааст. Кремл мехоҳад, аз пайвастани Украина ба НАТО, Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ пешгирӣ карда, онро дигарбора ба мадори нуфузи худ баргардонад.
- Навтаринҳо
- Пешина
Сафҳаи гузориши хонандагон
Инчунин бихонед:
"Ҷанг"-и паёмҳо. Тарафҳо ва "бетарафҳо" вазъи Бадахшонро чӣ гуна бозтоб медиҳанд? Тоҷикон дар бораи рӯйдодҳои Украина чӣ мегӯянд? ВИДЕО Тағйироти кадрӣ дар Вазорати маориф. Саидзода барои ислоҳи вазъ чӣ барнома дорад? ВИДЕО Пурхонандаҳо Боздошти "шоҳиди марги Гулбиддин Зиёбеков" дар Бадахшон (22701) Беш аз 9 миллион доллар. Ҳисоби бонкии Қосим Роҳбарро дар Швейтсария ёфтаанд. ВИДЕО (16314) Дар Хатлон шаҳрванди Эрону дӯсти тоҷикашро ба зиндон андохтанд (13373) Тоҷикистону Русия розӣ шудаанд, ки ба муҳоҷирон нафақа диҳанд, вале бо як шарт. ВИДЕО (11847) Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт (10641) Пурбинандаҳо Ҳабси маъмурии ҷавони муттаҳам бо ҳамла ба Абдуқодир Талбаков Таркиш ва сӯхтор дар як НФС-и Қубодиён Видоъ бо "ҷентелмен"-и саҳнаи тоҷик Аловуддин Абдуллоев Таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон. Ҷонибдорону мухолифон чӣ мегӯянд? Тоҷикистону Русия дар масъалаи нафақаи муҳоҷирон ба созиш расидаанд. Пурбаҳстаринҳо Беш аз 9 миллион доллар. Ҳисоби бонкии Қосим Роҳбарро дар Швейтсария ёфтаанд. ВИДЕО (64) Мақомот омодагӣ ба амалиётро дар Хоруғ тасдиқ намекунанд, рад низ (36) "Гуфт, барои таҳқири домулло посух мегӯӣ." Ҳабси ҷавоне бо гумони таҳдид ба Абдуқодир Талбаков. Модараш хабар надорад. ВИДЕО (33) Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт (29) Меросбари Фирташ ва Зайд Саид. Соҳиби нави "Азот" шахси номаълум, аммо "хуштолеъ" аст (22) Пуршунавандаҳо Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи бомдодӣ- Пайгирӣ кунед
- Дар бораи Озодӣ
- Иҷозаи истифода аз матолиби Озодӣ
- Маълумоти хусусӣ
- Қоидаҳо
- Роҳҳои тамос бо мо
- Саҳифаи хонандагон
- Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
- Замимаи Озодӣ дар iOS
- Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2021 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.