ШАҲЁД – ҶАВОНТАРИН НИҲОЛИ БОҒИ АДАБИЁТИ ТОҶИК
Шаҳёд, яке аз ҷавонтарин шоирони тоҷикро, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, яке аз умедҳои адабиёти мо ном мебаранд. Шаҳёд дар соли дуюми донишкада таҳсил мекунад ва алакай дар фикри чопи нахустин дафтари ашъораш мебошад.
Шаҳёд соли 1998 дар ҷамоаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст ва ҳоло дар соли дуюми риштаи рӯзноманигории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил мекунад. Шаҳёд аз шогирдони маҳфили Хайрандеш аст. Шеърҳои ӯ, ки ахиран Адибаи Хуҷандӣ дар шабакаи Фейсбук нашр кард, сарусадои зиёде ба по кард ва бисёриҳо бо мутолиаи ашъори ин шоири ҷавон, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, мегӯянд, истеъдоди Шаҳёд аз зуҳури як ситораи наве дар осмони адабиёти тоҷик дарак медиҳад.
Шаҳёд рӯзи 23 ноябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сомонаи "Ахбор” гуфт, аввалин бор дар чаҳордаҳсолагӣ ба даст қалам гирифт ва шеър навишт.
"Ахбор”: Аз куҷо омад ин шавқи шеър гуфтану навиштан?
Шаҳёд: Аввалин шеърам барои модарам буд.Ногаҳ шеър навиштам. Зиёд шеър мехондам, хонаводаамон низ аҳли мутолиа ва китобхонанд ва китобҳои шеър дар хона бисёр буд. Шояд таъсири ҳамин буд. Падарам ронандаи оддӣ буд, вале ба мутолиаи китоб шавқи зиёд дошт.
"Ахбор”: Пораҳое аз он шеъри аввал дар ёдатон монда?
Шаҳёд: Бале, ёдам ҳаст, чун барои модарам буд:
Модарам эй модари шабзиндадорам, зинда бош,
Модари дар зиндагонӣ беқарорам, зинда бош.
Роҳ рафтан, ҳарф гуфтанро зи ту омӯхтам,
Модарам, эй аввалин омӯзгорам, зинда бош…
Чунин буд аввалин шеъргунаам.
"Ахбор”: Ва кай ҷуръат кардеду бори аввал дафтари шеъратонро пеши бузургон бурдед? Наметарсидед, ки ҳоло мегиранду шеъратонро ба замин яксон мекунанд?
Шаҳёд: Солҳои 2014 буд, ки ба маҳфили ҳамешабаҳори устод Хайрандеш рафтам. Устод Хайрандеш қалами моро хеле рост карданд. Дигар шеърҳоямро пеши касе набурдам.
Дар машварати устод Гулрухсор будам ба наздикӣ. Устод умед доданд, ҳарфҳои хуб гуфтанд ва барои давоми роҳи хеле ҳам душвор бароям орзуи мувафақият карданд.
"Ахбор”: Ашъоре кадоме аз шуароро дар шеъри худ таъсиргузор мешуморед? Ба ибораи дигар, шеъри Шаҳёд бӯи кадоме аз бузургон мекунад?
Шаҳёд: Ман шеърҳои шоирони класикиро қариб доим мехонам, аз муосирон устодон Фарзона, Адибаи Хуҷандӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Лоиқ ,ва дигарҳоро мехонам. Ва ба ашъори Нимову Нодирпур, Фурӯғ ва Қайсар алоқаи хосе дорам.
"Ахбор”: Аммо чаро ихтисоси рӯзноманигориро интихоб кардед?
Шаҳёд: Аз кӯдакӣ ин орзуро доштам. Мехостам рӯзноманигор шавам.
"Ахбор”: Монеи навиштани шеър намешавад рӯзноманигорӣ? Чунки рӯзноманигорӣ шуғле марбут ба масоили рӯз аст ва шеърро бештар коре барои ҷовидон мешуморанд?
Шаҳёд: Ба ақидаи ман рӯзноманигорӣ барои шеър навиштан ҳеҷ халале намерасонад. Зиёд хондану таҷриба андӯхтан дар рӯзноманигорӣ баракс барои васеъ шудани паҳнои шеър ҳам фоида дорад. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳам шеър нависам ва ҳам рӯзноманигори хуб шавам .
"Ахбор”: Дар фикри нашри дафтари шеъратон нестед?
Шаҳёд: То кунун шеърҳоям асосан дар матбуот, аҳ ҷумла дар "Адабиёт ва санъат” ва "Паёми Суғд” нашр шудаанд. Талош мекунам, то як китобчаи хурдакаке ҳам ба чоп бирасонам.
ЧАНД НАМУНА АЗ АШЪОРИ ШАҲЁД
Шаб дар китобхонаи қалби гирифтаам
Садҳо китоби хотираро зеру рӯ кунам,
Аз ҳар саҳифае, ки пур аз чанги ёдҳост,
Ман радди пои ёди туро ҷустуҷӯ кунам.
Дидам, ки бо мурури ҳамин хотироти талх
Чизе ба номи ишқу вафоят намонда аст.
Гӯё миёни хотираҳо об гаштаӣ,
Ҳаргиз касе китоби дилатро нахондааст.
Дар инҷимоди ваҳшати ин лаҳзаҳои пӯч
Танҳо нишастаам ва садое намерасад.
Ман бо хаёли ин ки ту шояд даре занӣ,
Аммо садои шарфаи пойе намерасад!!
Имшаб канори панҷара танҳо нишастаам
Аммо чароғи хонаи маҳтоб рӯшан аст.
Инҷо садои тиқ тиқи соат намерасад,
Танҳо садои ҳиқ ҳиқи шаб - гиряи зан аст.
Там оми хотираҳои туро ғазал кардам,
Туӣ ба дафтари дил беҳтарин ғазалдардам.
Туӣ, ки ними нигоҳат маро намегирад,
Манам, ки дар раҳи ишқи ту як абасгардам,
Чӣ ҳоҷат аст дигар сарвати ду дунёро,
Ки ман барои сару пои ту дил овардам.
Ту як табассуми хуршед дар шабистонам,
Ва ман ба чашми баҳории ту фақат сардам.
Зи ёд бурда чу паймони ишқи зеборо,
Худо кунад, ки шавӣ зори ман ту, номардам.
Тамоми шеъри дилам маънии туро дорад,
Туӣ ба дафтари дил беҳтарин ғазалдардам.
Эй он ки мисли рӯҳ ба ҷонам дамидаӣ,
Умри мани, азони манӣ, нури дидаӣ!
Дар фасли баргрезу заволи дарахтҳо,
Ҳамчун гули умед баногаҳ расидаӣ.
Бе ту тамоми сония дар инҷимод буд,
Яъне набуд ҳеҷ навиде, падидае!
Эй беҳтарин баҳона барои намурданам,
Дар чашми ман муҳаббати дилро ту дидаӣ
Шукри Худои ишқ, ки ҳамқисмати манӣ,
Хушҳолам ин ки ишқи маро баргузидаӣ.
Намедонӣ, ки андӯҳат гарон аст Намехонӣ китоби ранҷу дардам. Чаро охар намебахшӣ азизам, Хатоеро ки ман ҳатто накардам!
Нигоҳи чашмҳоят сӯи чашмам- Нигоҳи чуғз сӯйи кафтаре шуд. Куҷо бошад парастуи вафоят, Муқими хонаҳои дигаре шуд?
Баҳор омад парастуҳои кӯчӣ Ба рӯи болҳои хеш, аммо Наоварданд пайғому навиде, Туро охир накардам ҳеҷ пайдо.
Азизи ман, туӣ Фарҳоди дигар, Манам Ширин-бадноми ду олам. Ҳанӯзам орзуят сабз монад Ба боғи хотирам аз дидаи нам.
Ба рӯи боми ман борону жола, Туро ман бар Худо кардам ҳавола. Ту имсолам азизи дигаронӣ Ва ман дар банди ишқи порсола.
Дар паси пилкҳои боронӣ, Гоҳ дар хоб мешавӣ зоҳир Суратат ғуссадору ошуфта Мисли андешаҳои як шоир
Илтиҷо мекунам биё як шаб Бо худат, меҳрубон, маро ҳам бар! Зистан бе ту сахт душвор аст Рӯз то рӯз мешавам бадтар!
Оҳ, ман аз сукут метарсам Лаб кушо, ҳарф зан куҷо рафтӣ? Охир аз рӯзгор дил кандӣ Ва ба меҳмонии Худо рафтӣ
Нестӣ, оҳ мекашам ҳар дам Саҳмам аз рӯзгор берангист Бе ту дунё чи қадр дилгир аст! Лаҳзаҳоям тамом дилтангист
Эй азизи баҳоргунаи ман, Ҳол дар зери хок хобидӣ Хонаат ғарқи нур бод, ки ту Дар ҷаҳон рӯзҳои кам дидӣ
Кош аз рафтанат хабар додӣ, Пеш аз мурдани ту мемурдам, Эй нигоҳат паноҳи Шаҳёд-ат Ғуссаҳоро ба ҷо-т мехурдам.