ЗАНИ ИСЛОМ КАРИМОВРО АЗ ТОШКАНД “БАДАРҒА” КАРДААНД
Татяна Каримова, ҳамсари дар гузашта пурнуфузи раисиҷумҳури Узбекистон Ислом Каримовро баъди вафоти Каримов ба зодгоҳаш – шаҳраки Қувасойи вилояти Фарғона фиристодаанд. Татяна Каримова дар Қувасой амалан дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
Татяна Акбаровна Каримова, ҳамсари раисиҷумҳури фақиди Узбекистон Ислом Каримов ҳоло дар зодгоҳаш – шаҳри Қувасойи вилояти Фарғона - дар як манзиле, ки махсус барои вай сохтаанд, зиндагӣ мекунад. Татяна Каримова баъди даргузашти шавҳараш дар моҳи сентябри соли 2016 нуфузи фавқулоддаеро, ки дар арши сиёсии Узбекистон дошт, аз даст дод ва дар ниҳоят ба зодгоҳаш "бадарға” карда шуд.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо сомонаи Ratel.kz мудири хабаргузории "Фарғона” Даниил Кислов хабар додааст. Даниил Кислов дар ин мусоҳиба, ки бо номи "Асрори дарбори Тошканд” нашр шудааст, мегӯяд: "Вақте Каримов мурд, ҳама мегуфтанд, ки оилаи вай нуфузашро гум мекунад. Чунин ҳам шуд. Татяна Акбаровнаро ба водии Фарғона ба зодгоҳаш Қувасой ба бадарғаи ифтихорӣ фиристоданд. Барояш як хонаи бузург сохтанд, вале дар асл ӯ дар онҷо таҳти ҳабси хонагист. Сад хидматгору пул ҳам дошта бошад, нуфузи сиёсиро аз дасташ гирифтанд.”
Даниил Кислов чунин паёмадро хоси низоми сиёсии Узбекистон медонад ва мегӯяд, хешу табори президент дар инҷо танҳо то замони зинда будани вай соҳиби нуфузу кафолатанд.
Татяна Каримова дар замони раҳбарии Ислом Каримов аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдор буд. Шояд ба ҷуз аз сарвазири вақт Шавкат Мирзиёев ва раҳбари пурнуфузи Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов дигар касе бидуни изну иҷозати Татяна Каримова ба ҳузури президент роҳ ёфта наметавонист. Аксари ҳокимони шаҳру навоҳӣ танҳо баъди дарёфти ризоияти Татяна Каримова фармонашон имзо мешуд ва сарусадое ҳам буд, ки дарёфти ризоияти хонуми аввал барои мансаби ҳокими шаҳр 1 миллион доллар ва барои мақоми ҳокими ноҳия хеле арзонтар – ҳамагӣ 500 ҳазор доллар "нарх” дорад.
Татяна Каримова ба ҳадде ба шавҳараш нуфуз дошт, ки Каримов танҳо бо иҷозати вай ба Интернет медаромад. Ҳамин тавр, Каримов ҳамаи ин солҳо аз матбуоти Русия бо иҷозати ҳамсараш фақат як нашрияи "Комсомолская правда”-ро мехондааст ва ба гуфтаи Даниил Кислов, "Каримов ҳатто бовар дошт, ки пурнуфузтарин нашрияи Русия "Комсомолская правда аст. Ӯ ҳатто дар мулоқот бо Путин чандин бор гуфта буд, ки "мана ман дар "Комсомолская правда фалон чиро дар бораи Узбекистон хондам. Охир ин дурӯғ аст.”
Ва акнун ин зане, ки Ислом Каримов, як ҳокими яккатоз ба ҷаҳон аз мӯрие, ки ӯ иҷозат дода буд, менигарист, поёни зиндагии худро на дар дарбор, балки дар бадарға дар зодгоҳаш Қувасой, дар ҷое ки роҳи ӯ ба сӯи арши қудрат аз ҳамон ҷо оғоз мегирифт, пушти сар мекунад.
Даниил Кислов мегӯяд, айни вазъият – аз даст рафтани нуфуз ва сояи таъқибот – болои сари хоҳари Татяна Каримова -Тамара Акбаровна Абдуллоева – омадааст. Ин зани маъруф бо лақаби "Тома-она” ("Баба Тома) дар аҳди Каримов "маликаи водии Фарғона” ба шумор мерафт ва дар ҳалли тамоми масоил – аз таъйини ин ё он нафар ба мансабҳои калидӣ то ҳалли баҳсҳои тиҷорӣ байни гурӯҳҳои мухталиф – дасти дарози дахолат дошт.
Ҳоло шавҳари Тамара Абдуллоева, ки мудири корхонаи коркарди нафти Фарғона буд, аз тарси таъқиб аз Узбекистон фирор кардааст. Писари ӯ Акбар Абдуллоев моҳи феврал дар Украина бо дархости мақомоти Узбекистон дастгир шуд ва дар сурати супурданаш ба Тошканд ӯро дар инҷо барои дуздӣ аз буҷа ҳукми зиндони тӯлонӣ мунтазир аст.
Ҳамин тавр, Гулнора Каримова – духтари калонии президент Ислом Каримов – дар Тошканд таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Гулнораро ҳанӯз севуним сол пеш, баъди рӯ задани моҷарои садҳо миллион доллар пора гирифтанаш аз ширкатҳои ғарбӣ худи Ислом Каримов ба ҳабси хонагӣ андохта буд ва ӯ соли гузашта ҳатто ба маросими дафни падараш роҳ дода нашуд.
Ба духтари дувуми Ислом Каримов – Лола Каримова (ДАР АКС БО АҲЛИ ОИЛААШ)– имкони зиндагӣ додаанд, чунки ӯ билофосила садоқаташро ба ҳукумати нави Шавкат Мирзиёев эълон кард ва ба фарқ аз Гулнора Каримова то ҳол ягон бор аз кадом амбитсияи сиёсӣ доштани худ дарак надодааст. Вале мегӯяд Даниил Кислов, мақомоти кунунии Узбекистон тиҷорати асосии Тимур Тилоев, шавҳари Лола Каримова – ширкат ва бозори "Абӯ Сахӣ”-ро таҳти фишор қарор додаанд ва ба эҳтимоли ғолиб, ин бизнес аз дасти домод ва духтари президенти собиқ гирифта хоҳад шуд. Ширкати "Абӯ Сахӣ” дар даврони Каримов бузургтарин воридкунандаи молу маҳсулот ба Узбекистон буд, вале аз ин ҳама моле ки меовард, боҷу хироҷи гумрукӣ пардохт намекард.
Ислом Каримов, ки аз соли 1989 тайи 27 сол бо панҷаҳои оҳанин бар Узбекистон ҳукумат ронд, моҳи сентябри соли 2016 дар синни 79 даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд ба хок супурданд. Ба ҷои Каримов дар интихоботи моҳи декабр сарвазираш Шавкат Мирзиёев президенти нави Узбекистон интихоб шуд.
Даниил Кислов мегӯяд, Мирзиёев парастиши шахси Каримовро ҳифз кардааст ва зоҳиран хешу табори вайро ба паси панҷара нахоҳад кашид, вале ба нуфузи аҳли хонавода ва хешу табори Ислом Каримов алакай як нуқтаи ғафси таммат гузоштааст.
Ва ин хонаводаи як замон "пушт ба зин” имрӯз то ҳадде "зин ба пушт” шудааст.