"Худоҳофизӣ"-и Шон МС (Shon MC) бо рэп (2 ВИДЕО)
Шаҳбоз Шарифов, маъруф бо лақаби Шон МС, ки ҳафт сол боз рэпхонӣ мекард, эълон дошт, аз ин навъи овозхонӣ даст кашидааст.
Шаҳбоз Шарифов, маъруф бо лақаби "Шон МС", ки ба қавли худаш тӯли ҳафт соли охир ба рэпсароӣ машғул буд, аз саҳна канор рафтааст. Ӯ 23 сол дорад ва дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ба далели мушкили молӣ маҷбур шуд, аз хондани рэп даст кашад, аммо афзуд, маълум нест ин вазъ чӣ қадар идома хоҳад кард.
Абдусалом Шарифов, падари Шаҳбоз, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе машғули рӯзномафурӯшист, аз ин тасмими писараш истиқбол кард ва онро вафои Шон МС ба ваъдааш номид. Ба қавли Шарифов, Шон МС қаблан ба онҳо ваъда карда будааст, ба ин навъи таронахонӣ поён хоҳад дод.
Шаҳбоз пеш аз он ки аз саҳнаи рэп канор равад, дар оғози моҳи март таронаеро бо номи "Суруди охирин" сабт карда, ба бозор баровард. Ӯ дар ин тарона ба мухлисонаш аз тасмими худ барои канор рафтан аз саҳнаи рэп хабар дода, ба онҳо барои он ки тӯли ҳафт сол ҳамроҳаш будаанд, сипосгузорӣ низ кардааст.
Консерти охирини Шон МС дар Кӯлоб- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
- 270p | 6,6MB
- 360p | 12,3MB
- 540p | 26,9MB
Нодир, ҷавони 17-сола, ки аз мухлисони Шон МС будааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз чунин тасмими овозхони дӯстдоштааш дар ҳайрат мондааст. Чаро ки, ба гуфтаи ӯ, "дар солҳои охир Шон МС ба ҷои сурудҳои кӯчагии бемаъно таронаҳои хуби мувофиқ ба дили моро иҷро мекард".
Вале Шон МС мегӯяд, рафтани ӯ на ба шеваи таронахонияш, балки бештар ба мушкили молӣ рабт дорад, ки то ҳоло натавонистааст барои мухлисони худ ақаллан як клипи хубу ҳирфаӣ наворбардорӣ кунад. "Дар ҷавоб ба муҳаббатҳои беохири мухлисон наметавонам ҳадди ақал як клипи ҳирфаӣ омода созам. Танҳо зӯрам ба сурудҳо дар шакли MP3 мерасад ва он ҳам дар студияҳое, ки сифати хуб надоранд. Ман ҳатто студияи шахсии худро надорам,"-гуфт Шаҳбоз.
Рэпсароӣ дар тӯли тақридан даҳ соли охир дар Тоҷикистон рушд карда, гурӯҳҳои мухталифе ба ин навъи таронахонӣ машғуланд. Вале мухолфиони рэп ин гурӯҳҳоро бештар ба занбурӯғи баъди борон шабоҳат медиҳанд, ки хеле зиёданду баъзеашон аслан ба дард намехӯранд.
Шон МС низ мегӯяд, дар оғози рэпхонӣ ӯ бештар аз алфози қабеҳ истифода мекард ва бо ин кори номашро "сиёҳ" кардаву падару модарашро низ аз худ норизо гузошта буд. Вай мегӯяд, баъдан тасмим гирифт, то тавассути ҳамин навъи овозхонӣ номи худро сафед карда, обрӯи модарашро дар назди занони ҳамсоя, маҳлалла ва хешу табор боло бубарад. "Ҳамин тавр ҳам шуд. То соли 2013 алакай мардум маро хуб пазируфт. Дар соли 2014 ман номи репро сафед кардам,"-мегӯяд ӯ.
Гуфтугӯ бо Шон МС- Ирсол ба Facebook
- Ирсол ба Twitter
Феълан кор намекунад
- 270p | 8,9MB
- 360p | 12,0MB
- 540p | 21,7MB
Вай илова кард, "ман тасмим гирифтам то дар ёди мухлисонам ва мардум ҳамчун ситораи рэп боқӣ бимонам. Ба ҳамин хотир дар авҷи шӯҳрат тарки саҳна кардам. Аз саҳна дур мешавам, вале дар рэп боқӣ мемонам. Мехоҳам фаъолиятамро ҳамчун продюсер идома диҳам."
Шон МС дар баробари "Баха 84" ва "Мастер Исмаил" яке аз рэпсароҳои маъруф ва сермухлис дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва то кунун 200 таронаро ба бозор баровардааст. Консерти охирини ӯ рӯзи 14 март дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид ва мухлисони Шаҳбоз дару тирезаҳоро шикаста, барои иштирок дар консерти ӯ вориди толор шуданд.
Амриддин Олимов- Навтаринҳо
- Пешина
Вобаста
Дарди дили шумо дар қолаби рэп. Аз 80 сомонӣ то. ))) Shon Mc: "Дар рэпҳоям дашноми қабеҳ нест" Коронавирус ва илтиҳоби шуш инҳоро аз байни мо бурд "Ҷанг"-и паёмҳо. Тарафҳо ва "бетарафҳо" вазъи Бадахшонро чӣ гуна бозтоб медиҳанд? Тоҷикон дар бораи рӯйдодҳои Украина чӣ мегӯянд? ВИДЕО Даргузашти яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён. ВИДЕОСафҳаи гузориши хонандагон
Хуш омадед ба сафҳаи худатон! Ин ҷо метавонед маводи худ -- аксу тасвир, садо, видео ё хабари наверо ба таваҷҷӯҳи хонандагони дигари сомонаи Радиои Озодӣ пешкаш кунед.Шарҳҳо
Ба патент да Точикистони худмон кор мекуни нафака наметиянмон. Бо хайфини давлати бегона.
Агар хохи миллат ва давлат мардумро Гулом нигох дори аз босавод шудани мардум ва Гуломон худдори Намо. Бинобар ин аксар кадрхо аз соли 2012 тарки Ватан Намудаанд Ва он кадрхоро, ки мутахассиони хубанд давлатхои пешрафта Руссия, Амрико, Чин ва Аврупову Канада то Британия ба худ ба кор кабул намуда истодаанд. Ва он кадрхо, ки дониши баланд доранд бо мурури замон ва омухтани забону сиёсати он давлатхои пешрафта ба хулоса меоянд ва маблагхояшонро сарф ба он мекнанд, ки давлати Гуломдориро ва Хонаводагиро аз байн баранд. Инро таьрих исбот намудааст мудати 1000 солахо ва хохад боз исбот кард. Дар Точикистон танхо аксар мардуми бесавод мондааст. Зеро Хукумат бо истифода аз бесаводон сарват чамь менамояд. Босавод мардум хама вакт хама замон барои тамоми давлатхои Гуломдори хатар эчод мекард.
Бигузоред ки он рохбарон гуш накунанд. Вагарна зери оҳангҳои Моцарту Бетховен одамкушӣ мекунанд.
Давлатхое ки рохбарони худкома идора мекунанд окибаташон хуб нест. Иёлоти Мутахидаи Амрико рузе ба хамаи инхо нукта мегузорад. Хама хохишманди демократия хастем
Эй ака хоби? Референдума тамоми Точикистон овоз медихад на факат Бадахшон.
- Пайгирӣ кунед
- Дар бораи Озодӣ
- Иҷозаи истифода аз матолиби Озодӣ
- Маълумоти хусусӣ
- Қоидаҳо
- Роҳҳои тамос бо мо
- Саҳифаи хонандагон
- Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
- Замимаи Озодӣ дар iOS
- Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2021 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.