Интиқоди телевизиони Узбакистон аз сиёсатҳои Ислом Каримов
Телевизиони давлатии Узбакистон баъд аз тақрибан як соли даргузашти раиси ҷумҳури нахустини ин кишвар Ислом Каримов дар як барномаи таҳлилӣ аз сиёсатҳои ӯ интиқод кард. Ислом Каримов, ки беш аз бисту панҷ сол ҷилави қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дошт, моҳи сентябри соли гузашта бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.
Ин барнома дар иртибот ба 60-умин солгарди зодрӯзи Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Узбакистон, шоми 30-ми июл тавассути шабакаи давлатии "Узбекистон 24" пахш шуд. Ҳарчанд дар барнома мушаххасан аз Ислом Каримов ном бурда нашуд, муаллифони гузориш сиёсатҳои ӯро ба боди интиқод кашиданд.
Дар ин барнома президенти қаблии Узбакистон барои роҳандозии сабқати “кӣ зӯртар?” бо ҳамсояҳо низ айбдор гардид. Муаллифони барнома гуфтанд, “ҳоло президент Шавкат Мирзиёев талош дорад, ки гиреҳи ин муамморо бо ҳамсояҳо боз намояд”. Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов Узбакистон бо ҳамсояҳои девор ба девораш, чун Тоҷикистону Қирғизистон равобити хубе надошт. Баъд аз марги ӯ равуо аз тариқи роҳҳои заминӣ соддатар шуда, пас аз 25 соли танаффус парвози ҳавопаймо миёни Душанбеву Тошканд низ ба роҳ монда шуд.
"Даъво бо ҳамсояҳо"
Ба гуфтаи муҷрии барнома, “дар нӯҳ моҳи ахир бо ҳамсояҳои наздик мусобиқаи "кӣ зӯртар" роҳандозӣ накардан ва равобити самимӣ ва боэътимод эълон кардан, ба муносибатҳои боэътимоди кишварҳои Осиёи Миёна бо Узбакистон, сабаб шудааст. Аз даъвоҳое чун "ту зӯр ҳастӣ ё ман" сарфи назар карда, масоиле, ки барои солҳо ҳалли худро намеёфтанд, назири масоили марзӣ, беҳбуд ёфтааст."
Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов ва ҳатто пас аз тақрибан як соли вафоташ дар Узбакистон аз сиёсати ӯ интиқоде сурат нагирифта буд. Ба хусус дар телевизиони расмии он кишвар ҳамеша аз Ислом Каримов ситоиш мешуд. Дар барномаи "Таҳлилнома" дар мавриди вазъи бӯҳронии ҳар бахш дар замони Каримов таъкид ва гуфта шуд, ки Мирзиёев дар муддати ҳашт моҳи ислоҳотҳояш, вазъро то андозае ба эътидол овардааст.
Бозори сиёҳ -- шармандагӣ
Дар ин барномаи телевизионӣ таъкид шудааст, ки дар даврони Ислом Каримов сиёсати арзи ё пулӣ боиси маломат шудани Узбакистон гашта буд. Муҷрии ин барнома дар ин маврид мегӯяд, "дар ин авохир раҳбарони иқтисодии ҷаҳон Узбакистонро ҳамеша ба далели сиёсати арзиаш маломат мекарданд. Бояд имрӯз ошкор гуфт, ки ин сиёсат ба пайдо шудани ба истилоҳ "бозори сиёҳ" мунҷар ва боиси шармандагӣ шуда буд."
Вокунишҳои бинандагон дар нисбати ин барнома гуногун будааст. Бархе аз рӯзноманигорон пас аз тамошои он аз ситоишҳои Мирзиёев нороҳат шудаанд. Бархе дигар мегӯянд, ки аз интиқодҳо нисбати Каримов ранҷиданд. Як нафар, ки ин барномаро тамошо кардааст, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ навиштааст, "дар барномаи "Таҳлилнома" Каримов ба хурус монанд карда шуда ва аз забони вай "ман зӯр ҳастам" гуфта мешуд. Ин барномаро дида, аз он нафратам омад, чунки дар инҷо бештар дурӯягӣ ба мушоҳида мерасид."
Ислом Каримов, нахустин раиси ҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли гузашта дар Тошканд вафот кард ва 3 сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Се моҳ пас аз вафоти Ислом Каримов, дар он кишвар интихоботи президентӣ баргузор шуд ва Шавкат Мирзиеёв, ки то он замон дар мақоми нахуствазирӣ ифоа вазифа мекард, бо аксарияти раъйҳо, дувумин президенти Узбакистон интихоб шуд.
Танқид аз сиёсатҳои Каримов, баъди парвандаи Гулнора
Интиқод аз сиёсатҳои Ислом Каримов дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Узбакистон парда аз рӯи парвандаҳои духтари калонии ӯ Гулнора Каримова бардошт. Мақомоти тафтишотии Узбакистон гуфтанд, ки Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ иртибот доштааст.
Ба гуфтаи онҳо, фақат дар Русия дар маҷмаи истиқоматии «Камелот» дар шаҳри Маскав як хонаи боҳашамат, як ҳавлии бузург ва 8 дар хонаи дигар дар маҳаллаи Рублевка як минтақаи сарватмандон ба ӯ Гулнора Каримова тааллуқ доштааст.
Дар шаҳри Ялта ҳам ба гуфтаи тафтишот як меҳмонхона, ҳавлӣ ва замин ба номи Гулнора Каримова будааст. Аз ин пештар додситонии кулли Узбакистон бори аввал гуфт, ки Гулнора Каримова бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 21-уми августи соли 2015 дар боздошт буда, озодиаш барои панҷ сол “маҳдуд шудааст”.
- Навтаринҳо
- Пешина
Вобаста
Гулнора Каримова пулҳояшро дар куҷо нигаҳ медошт? (ВИДЕО) Додситонии кулли Узбакистон: Гулнора Каримовa дар боздошт аст. ВИДЕО А.Комилов: "Сохтмони Роғунро қатъ накунед. Балки, биёед, кафолатҳоро машварат кунем". САДО, ВИДЕО Барканории Рустам Азимов аз мақоми муовини нахуствазир Севинч: Аз Тоҷикистон ба Узбакистон хотираи нек мебарам. ВИДЕО Лола Ҳотамова: "Маъшуқаи Ислом Каримов набудам" "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ба Тоҷикистон омад. Парвози нахустин – 4 апрел. САДО Баҳси кӯҳнаи об дар суҳбати Мирзиёев ва Назарбоев. САДО, ВИДЕО Коронавирус ва илтиҳоби шуш инҳоро аз байни мо бурд Бозиҳои санҷишии "Истиқлол" дар Туркия Путин "истиқлол"-и ду минтақаи ҷудоиталаби Украинаро ба расмият шинохт. Ғарб ҳушдор дод Тағйироти кадрӣ дар Вазорати маориф. Саидзода барои ислоҳи вазъ чӣ барнома дорад? ВИДЕОСафҳаи гузориши хонандагон
Хуш омадед ба сафҳаи худатон! Ин ҷо метавонед маводи худ -- аксу тасвир, садо, видео ё хабари наверо ба таваҷҷӯҳи хонандагони дигари сомонаи Радиои Озодӣ пешкаш кунед.Шарҳҳо
Агар хохи миллат ва давлат мардумро Гулом нигох дори аз босавод шудани мардум ва Гуломон худдори Намо. Бинобар ин аксар кадрхо аз соли 2012 тарки Ватан Намудаанд Ва он кадрхоро, ки мутахассиони хубанд давлатхои пешрафта Руссия, Амрико, Чин ва Аврупову Канада то Британия ба худ ба кор кабул намуда истодаанд. Ва он кадрхо, ки дониши баланд доранд бо мурури замон ва омухтани забону сиёсати он давлатхои пешрафта ба хулоса меоянд ва маблагхояшонро сарф ба он мекнанд, ки давлати Гуломдориро ва Хонаводагиро аз байн баранд. Инро таьрих исбот намудааст мудати 1000 солахо ва хохад боз исбот кард. Дар Точикистон танхо аксар мардуми бесавод мондааст. Зеро Хукумат бо истифода аз бесаводон сарват чамь менамояд. Босавод мардум хама вакт хама замон барои тамоми давлатхои Гуломдори хатар эчод мекард.
Бигузоред ки он рохбарон гуш накунанд. Вагарна зери оҳангҳои Моцарту Бетховен одамкушӣ мекунанд.
Давлатхое ки рохбарони худкома идора мекунанд окибаташон хуб нест. Иёлоти Мутахидаи Амрико рузе ба хамаи инхо нукта мегузорад. Хама хохишманди демократия хастем
Эй ака хоби? Референдума тамоми Точикистон овоз медихад на факат Бадахшон.
рост гуфти, бародар.
- Пайгирӣ кунед
- Дар бораи Озодӣ
- Иҷозаи истифода аз матолиби Озодӣ
- Маълумоти хусусӣ
- Қоидаҳо
- Роҳҳои тамос бо мо
- Саҳифаи хонандагон
- Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
- Замимаи Озодӣ дар iOS
- Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2021 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.