Шрифт
Исроил мавзеи эрониҳо ва нирӯҳои Сурияро ҳадаф қарор додааст
Play

Исроил мавзеи эрониҳо ва нирӯҳои Сурияро ҳадаф қарор додааст

Артиши Исроил мегӯяд, рӯзи 10-уми феврал 12 мавзеи нирӯҳои Сурия ва эрониҳоро дар дохили хоки Сурия ҳадаф қарор дод.

Дар эъломияи артиши Исроил гуфта шудааст, ки “ҳавопаймоҳои исроилӣ ба мавзеи нирӯҳои дифои ҳавоии Сурия ва эрониҳо ҳамла карданд”.

САНА – хабаргузории расмии Сурия навишт, нирӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар ба ҳуҷумҳои нави Исроил посух додааст. Як манбаи нирӯҳои низомии Сурия низ гуфтааст, ки қувваи дифои ҳавоӣ ҳамлаҳо ба мавзеъҳои низомии ин кишварро пас гардонд.

Як сухангӯи артиши Исроил гуфт, дар оғози рӯзи 10-уми феврал як ҳавопаймои ҷангии Исроил дар ҷараёни ҳамла ба мавқеи эрониҳо ва нирӯҳои Сурия дар дохили Сурия суқут дода шуд. Артиши Исроил гуфт, яке аз сарнишинҳо шадидан захмӣ шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Шумораи парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон афзоиш меёбад

Теъдоди парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Kapital.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии ин кишвар иттилоъ додааст.

Ба ин тартиб, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон аз 25 апрел шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Алматоро аз як парвоз ба ду парвоз афзоиш медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон аз 1 май тасмим гирифтааст, ки шумори парвозҳо байни Душанбеву Алматоро аз як то 3 парвоз дар як ҳафта ва аз 1 июн аз 3 ба 4 парвоз зиёд кунад.

Ҳамин тавр, байни ду кишвар ҳафтае шаш маротиба парвозҳо анҷом хоҳад шуд.

Дар Киев монеаҳои гуфтугӯ бо Москваро шарҳ доданд

Муҳосираи Мариупол аз сӯи Русия гуфтугӯҳои Киев бо Москваро душвор кардааст, гуфт Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Украина ва узви гуруҳи музокиракунандаи Киев рӯзи сешанбе.

Подоляк афзуд, ки ҳоло маълум нест, гуфтугӯҳои мустақим миёни ҷонибҳо кай сурат мегиранд. Ба гуфтаи ин узви гуруҳи музокиракунанда, талоши Русия барои тақвияти мавзеаш тавассути ҳамлаҳои нав дар Донбасс яке аз дигар монеаҳои гуфтугӯҳост.

Рӯзи 19 апрел гуруҳи силоҳбадасти "ДНР" аз ҳамлаи нав ба корхонаи "Азовстал" хабар дод. Ин корхона яке аз пойгоҳҳои муҳими муқовимати Украина зидди ҳамлагарони Русия аст.

Рӯзи сешанбе вазорати мудофиаи Русия ба низомиҳои Украина, ки аз "Азовстал" ҳимоят мекунанд, пешниҳод кард, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва тасли шаванд. Расонаҳо менависанд, ин севумин пешниҳоди Русия ба ҳомиёни Мариупол аст.

Артиши Русия ва ҷудоихоҳони ба ном "Ҷумҳурии мардумии Донетск" Мариуполро ибтидои моҳи март муҳосира карданд. Аз он замон то кунун "поккорӣ"-и шаҳр идома дорад. Дар ин шаҳр то 3 ҳазор низомии Украина мавҷуд аст.

Бори охир Русияву Украина ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20 март дар Истамбули Туркия мулоқот карданд.

Даҳҳо коргари як ширкат дар Қазоқистон корпартоӣ карданд

Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон даҳҳо коргари ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" рӯзи панҷум аст, ки бо талаби маоши бештар корпартоӣ доранд.

Рӯзи 15 апрел онҳо бо сабти наворе аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси вилояти Мангистау Нурлан Ногаев хоста буданд, ки ба вазъи онҳо мудохила кунанд.

"Мо панҷ рӯз аст, ки корпартоӣ дорем. Мақомот талабҳои моро қонеъ намекунанд. Мо ба роҳбарияти корхона нома навиштем. Ба номаи мо посух наомад ва ба ҳамин далел мо корпартоӣ ташкил кардем. Мо аз шумо мехоҳем, ки дар афзудани маоши мо мусоидат кунед", - гуфтанд коргарон дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Рӯзи 18 апрел аз мақомоти вилояти Мангистау ба коргоҳи мазкур рафта, бо ҳузури коргарону корфармо ҷаласа баргузор кардаанд. Аммо роҳбарияти корхона ба талаби коргарон розӣ нашудааст.

Ба иттилои расмӣ, ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" ягона корхонаест дар Қазоқистон, ки лӯлаҳои калонҳаҷми оҳанин истеҳсол мекунад. Ин корхона тақрибан 250 коргар дорад.

Фаъолону муфаттишон дар як нишасти онлайн аз ҳодисаҳои Хоруғ гуфтанд

Фаъолони Бадахшон ва муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон 19-уми апрел дар як нишасти онлайн дар бораи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Хоруғ суҳбат кардаанд.

Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “Комиссияи 44”, иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуфт, ҳудуди даҳ хабарнигор дар нишаст буданд, вале маърака бе суолу ҷавоб гузашт.

Ба қавли ӯ, аз тарафи “Комиссияи 44” Фаромуз Иргашев ва аз ҷониби мақомот, раҳбари ҳайати муфаттишон Ҷамшед Мелибоев суҳбат кардаанд. “Ҷараёни нишастро Телевизиони Бадахшон ба навор гирифт,” – афзуд ӯ.

Ҷамшед Мелибоев дар бораи латукӯб шудани ёвари додситони Роштқалъа, гирдиҳамоии сокинон дар Хоруғ ва буридани 61 ниҳол ёдовар шуд. Аммо нигаронии “Комиссияи 44” аз он аст, ки дар мавриди чӣ гуна кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Мародбеков ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги онҳо чизе нагуфтааст.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд рӯз пеш ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар як муроҷиатнома ба додситони кул аз бепарвоии муфаттишон ба марги се нафар ибрози нигаронӣ карда буд.

Фаромуш Иргашев, намояндаи “Комиссияи 44”, гуфтааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеч гуруҳи сиёсиро намешиносад ва барои ифшои ҷиноятҳои 25-28-уми ноябри 2021 танҳо бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Ду ҷониб ваъда додаанд, ки пас як муддати дигар боз ҳамин гуна нишаст баргузор хоҳанд кард.

Тазоҳурот дар Хоруғ 25-уми ноябри соли гузашта пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.

Эътирози сокинон дар Хоруғ 28-уми ноябр ба поён расид, вале онҳо аз тарзи таҳқиқи ҳодиса норозиянд.

Камолиддин Раббимовро ҷарима бастанд

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси маъруф ва коршиноси мустақили узбекистонӣ, ки 17-уми апрел бо гумони "майдаавбошӣ" ва "итоат накардан ба кормандони пулис" боздошт гашта буд, шоми 18-уми апрел озод шудааст.

Худи Раббимов ин хабарро дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тасдиқ кард.

Раббимов афзуда, ки 17-уми апрел "иштибоҳ" карда ва дар амалиёти пулис дар бозори Чорсӯи Тошканд "дахолат" намуд. Вай ҳамчунин бо тасдиқи хабари ҷарима шуданаш аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ даъват кард, ки қазияро "сиёсӣ" накунанд.

Ҷузъиёти дигари парвандаи Раббимов то ҳол ошкор нашудааст. Коршиноси узбек изҳор доштааст, ки ҳодисаро баъдан муфассал шарҳ хоҳад дод.

Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 17-уми апрел Раббимовро дар "дахолати беасос ба фаъолияти кормандони милиса, монеъ шудан ба кори онҳо ва иҷро накардани талаби қонуниашон" айбдор карданд.

Камолиддин Раббимов аз соли 2007 дар Фаронса зиндагӣ мекард. Чанд моҳи пеш ба Узбекистон баргашта буд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Як зодаи дигари Қирғизистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд

Як зодаи дигари Қирғизистон, ки шаҳрванди Русия буд ва дар сафи нерӯҳои он кишвар дар Украина меҷангид, кушта шудааст.

Дар вилояти Уши Қирғизистон рӯзи 18-уми апрел гуфтанд, ки пайвандон мунтазири овардани ҷасади зодаи Қирғизистон ҳастанд.

“Ҷасад ҳоло оварда нашудааст, муайян мешавад, ки кай меоранд. Вай солҳо пеш ба Русия рафта, шаҳрвандии онҷоро гирифта буд. Ҳамонҷо ба артиш рафт. Волидонаш инҷо зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд, вай дар Украина фавтидааст,” -- гуфт Аватбек Жолоев, раиси деҳае дар вилояти Уши Қирғизистон, ки ҷавони кушташуда онҷо зода шуда буд.

Моҳи марти имсол аз кушта шудани ду зодаи дигари Қирғизистон дар Украина хабар расида буд.

Эгамбердӣ Добоеви 19-сола, зодаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Ҳамчунин Рустам Зарифулини 26-сола, зодаи вилояти Чуйи Қирғизистон дар ҷанги Украина кушта шуд.

Ҷасади ин ду зодаи Қирғизистонро низомиёни пойгоҳи Русия дар шаҳри Кант оварданд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Дар ҷаласаҳои СБП ва БҶ муҷозоти Русияро баҳс мекунанд

Як мақоми Вазорати молияи Амрико рӯзи 18-уми апрел гуфт, вазир Ҷенет Йеллен ният дорад, дар ҷаласаи инҳафтаинаи Сандуқи Байнулмилалии Пул аз ҳамкорон тақозо кунад, ки Русияро барои ҳуҷум ба Украина ҷазои иқтисодии бештар диҳанд.

Йеллен гуфтааст, аз таъсири ҷанг ба иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла, ба афзоиши ноамнии ғизоӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд “амиқан нигарон” аст.

Дар изҳороти хабарии Вазорати молияи Амрико омадааст, ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни ҷаласаҳои баҳории Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон Йеллен бо нахуствазири Украина Денис Шмигал ҳам сӯҳбат хоҳад кард. Дар ин ҷаласаҳои солона Украина ва таъсири ҷанг ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон мавзӯи марказӣ мешавад.

Дар иттилоия омадааст, Йеллен дар мулоқот бо Шмиҳал "дастгирии қавии маъмурияти Байден аз мардуми Украинаро баён мекунад, ки барои ҳимоят аз ҷону ватани хеш баланд шудааст".

Ӯ инчунин аз зарурати “ба ҷавобгарӣ кашидани Русия ва таъмини Украина бо кумакҳо” суҳбат хоҳад кард.

Намояндаи Вазорати молияи Амрико, ки хабарнигоронро дар бораи нақшаҳои кори Йеллен огаҳ кард, гуфт, агар намояндагони Русия ҳамроҳ шаванд, ӯ дар ин ҷаласаҳо иштирок нахоҳад кард. Қарор аст, рӯзи 20-уми апрел дар ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои 20 намояндагони Вазорати молияи Русия ҳам иштирок кунанд.

Модаре, ки кӯдакашро ба қафаси хирс партофт, ба беморхонаи рӯҳӣ фиристода шуд

Зане, ки духтарашро ба қафаси хирс партофта буд, ба муолиҷаи ҳатмии рӯҳӣ фиристода мешавад. Қарори додгоҳи ноҳияи Юнусободи вилояти Тошканд рӯзи 18-уми апрел содир шуд. Дар ин бора намояндаи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов дар Телеграм-каналаш хабар додааст. Моҳи марти соли ҷорӣ баъди таҳқиқи ҳодиса додситонии кулли Узбекистон гуфт, ки озмоишҳои тиббӣ бемории равонӣ доштани модарро собит кард ва тафтишҳо нишон дод, ки ӯ ҳатто барои посух додан ба саволҳои муфаттишон омода нест. Бо қарори додрас, сокини Узбекистон дар ҷинояте гунаҳгор дониста шуд, ки ба ҷомеа зарар дорад ва бояд ба табобати ҳатмии равонӣ фиристода шавад.

Ҳодиса 28-уми январи соли ҷорӣ рӯй дод. Зане, ки бо кӯдакаш ба боғи ҷонварони шаҳри Тошканд рафта буд, духтарчаи сесолаашро дар пеши чашми тамошобинон ба дохили қафаси хирс партофт. Ин қафас дар чуқурие ҷойгир буда, кӯдак дар фосилаи чанд метр ба замин афтод. Хирс Зузу ба назди духтарак омада ӯро бӯ карду канор рафт ва кормандони боғ ҳамон замон ҷонварро ба қафаси дигар бурда, кӯдакро аз дохили он берун оварданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, кӯдак осеби сар гирифт, вале ҳамон замон ба беморхона фиристода шуд.

Модарро аз рӯи моддаи “сӯиқасд ба куштори нафаре, ки дар ҳолати нотавонӣ мебошад”, муҳокима карданд. Таҳқиқ муайян кардааст, ки ин зан дар яке аз донишгоҳҳои Тошканд дарс медод ва аз тобистони соли 2021 зери назари табибони бемориҳои рӯҳӣ қарор дошт.

Бархе расонаҳои дигар маълум кардаанд, ки ин зан бар асари хушунати хонаводагӣ дучори бемории равонӣ шудааст.

Модаре дар Тошканд духтарашро ба қафаси хирс партофт
  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Украина пурсишномаи узвият ба Иттиҳоди Аврупоро пур кард

Ҳукумати Украина пурсишномаи узвият ба Иттиҳоди Аврупоро пурра таҳия кардааст. Дар ин бора Игор Жовка, муовини раиси Дафтари президенти Украина, хабар дод.

Рӯзи 8-уми апрел раиси Иттиҳоди Аврупо, ки ба Украина рафта буд, ба президенти он кишвар Владимир Зеленский пурсишномаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупоро супорид. Зеленский он замон гуфта буд, ки Киев метавонад, баъд аз як ҳафта пурсишномаро баргардонад.

"Санад аз ҷониби Украина таҳия шудааст, акнун Киев мунтазири тавсияҳост ва баъдан тӯб ба майдони Иттиҳоди Аврупо ворид мешавад," -- гуфт Жуков.

Вай илова кард, ки Украина мунтазири соҳиб шудан ба мавқеи кишвари номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд. Ин мавқеъ ба Украина дар ҷаласаи моҳи июн эҳтимол дода хоҳад шуд.

Украина барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо 28-уми феврал - баъди ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар - дархост дода буд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Узбекистон иддаои ДОИШ-ро дар бораи "партоби мушак ба Тирмиз" рад кард

Узбекистон иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ин кишвари Осиёи Марказӣ рад кард.

Бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфтааст, ба як пойгоҳи низомии Узбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.

Сухангӯи президенти Узбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гуё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонд.

Ӯ дар Телеграм навишт: “Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Узбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат намегирад ва вазъ ором мебошад.”

Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон аз сокинони он кишвар хостааст, “ба хабару овозаҳои беасос” бовар накунанд.

Дар Вазорати дифои Узбекистон низ гуфтаанд, хабари мушакборон шудани марзбонон дар Тирмиз “ҳақиқат надорад”.

Айни замон шохаи “Хуросон”-и ДОИШ иддао кардааст, ки мушакҳоро аз шаҳраки Ҳайратони Афғонистон партоб кард.

Баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон, ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳоро дар ин кишвар ва атрофи он бештар кардаанд.

Иёлоти Муттаҳида моҳи феврали имсол барои маълумот дар бораи раҳбари ДОИШ дар Афғонистон Саноуллоҳ Ғаффорӣ (Шаҳоб ал-Муҳоҷир) ва ёфтани ӯ 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард.

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, Ғаффорӣ дар моҳи июни соли 2020 раҳбарии ДОИШ таъин шуда буд ва ӯ масъули тасдиқи тамоми амалиёти ҷангҷӯён дар саросари Афғонистон ва таҳияи маблағ барои фаъолияти онҳост.

Амрико Ғаффорӣ ва ду раҳбари дигари гурӯҳи тундравро дар Афғонистон “террористони байнулмилалӣ” номид.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

ВКД-и Русия гуфт, "ҷинояткории муҳоҷирон бештар шудааст"

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, дар ду моҳи аввали соли 2022 ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон 114 дарсад зиёд шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, нисбати муҳоҷирон беш аз 55 ҳазор санади маъмурӣ тартиб доданд. Илова бар ин, мавридҳои ошкоршудаи фаъолияти ғайриқонунӣ 22 дарсад ва риоя накардани маҳдудиятҳои муқарраршуда дар баъзе намудҳои фаъолият 88 дарсад афзудааст.

Мақомот бар инанд, ки ҳолатҳои нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия ва будубош дар ин кишвар ба далели кам шудани амалиёт бештар шудааст. Ҳарчанд худи муҳоҷирон пайваста аз баргузории амалиёти пулис дар маҳалли зист ва ҷойи корашон шикоят мекунанд.

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия бо бархӯрди сахту сангине нисбати шаҳрвандони хориҷии корҷӯ дар ин кишвар маъруф ҳастанд. Ҳомиёни ҳуқуқ полис ва ниҳодҳои дигарро барои он танқид мекунанд, ки муҳоҷирони кориро барои саҳлангориҳои ночиз ба ҷавобгарии маъмуриву ҷиноӣ мекашанд, фасодхоранд, дар симои муҳоҷирон манбаи даромади ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯиро мебинанд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед (1)

49 шикоят аз напардохтани маоши тоҷикистониҳо дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия дар рӯёндани маошашон аз корфармоён мадад кардаанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, имсол 49 шаҳрванди кишвар аз нагирифтани ҳақмуздашон шикоят ва дархости ёрӣ карданд.

Ин ниҳод мегӯяд, бо мусоидати он ва дар натиҷаи музокирот корфармоён беш аз ду миллион рубли русиро ба муҳоҷирони тоҷик баргардондаанд.

Ҷузъиёти сабабҳои таъхир дар пардохти маоши муҳоҷирони корӣ нашр намешавад, вале Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои пеш наомадани чунин мушкил шаҳрвандон бояд ҳуқуқи худро аз пеш андеша кунанд.

Аз ҷумла, имзои ҳатмии шартнома бо корфармо як талаботи муҳим барои пешгирӣ аз вайрон кардани ҳуқуқи коргар гуфта мешавад.

Машварати мақомот ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як нусхаи шартномаро ба идораи минтақавии пулис супоранд, то баъд аз анҷоми муҳлати патент бидуни убури сарҳад ин иҷозатномаи кор боз барои як соли дигар дароз карда шавад.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед (1)

6 кушта ва 11 захмӣ. Се таркиш дар мактаби ҳазораҳои Кобул

Полиси Афғонистон гуфт, дар як мактаби писарона, ки дар маҳаллаи ҳазораҳои шиамазҳаби Кобул ҷойгир аст, дастикам се таркиш рух дод. Бар асари он 6 кас кушта ва 11 нафар захмӣ шудаанд.

Абдулнафӣ Такур, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Толибон, дар суҳбат бо Радиои “Афғонистони озод” гуфт, таркиш мактаби Абураҳим Шаҳидро дар шаҳри Кобул ҳадаф қарор додааст.

Як мақоми амниятӣ гуфт, таркишҳо бо истифода аз норинҷаки дастӣ содир шудаанд. Ҳанӯз ҳеч кас ё гурӯҳе масъулияти таркишҳоро ба уҳда нагирифтааст.

Мактаб дар минтақаи Дашти Барчӣ, воқеъ дар ғарби Кобул, ҷойгир аст ва аксар сокинони ин маҳал ҳазораҳои шиамазҳаб мебошанд. Дар гузашта ин ҷомеаро ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” зиёд мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Холид Задрон, сухангӯи полиси Кобул, дар Твиттераш навишт, таркишҳо “боиси талафоте дар миёни бародарони шиаи мо шудааст”. Ба қавли Вазорати корҳои дохилии Толибон, таҳқиқи ҳодиса оғоз ёфт.

Як шоҳид гуфтааст, таркишҳо замоне рух доданд, ки шогирдони мактаб баъд аз анҷоми дарсҳои саҳарии худ аз бино берун мешуданд. Моҳи майи соли гузашта дар натиҷаи таркиши бомба дар ҳамин маҳалла дастикам 85 нафар, аксар духтарони мактабхон кушта шуда, даҳҳо кас захмӣ гардиданд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Парвози ҳавопаймоҳои Turkish Airlines ба Душанбе бештар мешавад

Аз моҳи майи имсол парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия зиёд карда мешавад.

Ширкати Turkish Airlines эълон кард, ки аз 21-уми май байни ду кишвар ҳафтае се бор парвоз анҷом хоҳад шуд.

Нархи билет ба хатсайри Душанбе-Истанбул 300 доллар ва бозгашт 395 доллар нишон дода шудааст. Ба "Сомон Эйр" ҳам иҷоза доданд, ки парвози ҳавопаймоҳояшро ба Истанбул то 3 дафъа дар ҳафта зиёд кунад.

Кохи Сафед: Ҷо Байден ба Киев рафтанӣ нест

Бо вуҷуди ин ки ба президенти Амрико Ҷо Байден фишор меоранд, ба Киев сафар кунад, ба гуфтаи Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, чунин нақша вуҷуд надорад.

Дар як нишасти матбуотӣ, ки 18-уми апрел дар Кохи Сафед барпо шуд, Псаки гуфт: "Президент чунин барномаи сафар надорад."

Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский аз Байден тақозо кард, ки барои намоиши пуштибониаш аз ҷанги зидди Русия ба Киев сафар кунад.

Зеленский рӯзи 17-уми апрел гуфт, фикр кард, ки Байден сафар мекунад, вале ин қарор ба худи президенти Амрико ва ҳам вазъи амниятӣ бастагӣ дорад.

То ҳафтаи гузашта чандин раҳбари аврупоӣ ба Киев рафта, бо Зеленский мулоқот карданд. Рӯзи 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба дар суҳбат бо телевизиони амрикоии CBS гуфт, сафари раҳбари амрикоӣ "як паёми муҳими дастгирӣ" аз Киев хоҳад буд.

Кохи Сафед гуфт, ба ҷои Байден эҳтимолан ба Киев котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен хоҳад рафт.

Зеленский гуфт, "мубориза барои Донбасс идома дорад"

Низомиёни украинӣ гуфтанд, нерӯҳои Русия дар тақрибан тамоми хати марзи шарқии ин кишвар "амалҳои хашине"-ро роҳандозӣ кардаанд. Президент Владимир Зеленский инро оғози муқовимати пуршиддат дар минтақаи шарқии Донбасс унвон кард.

Рӯзи 19-уми апрел матбуоти украинӣ хабар дод, ки дар хати марзи шарқии ин кишвар дар шаҳрҳои Маринка, Славянск ва Краматорски минтақаи Донетск тирандозиҳои сахт ҷараён дорад.

Зеленский дар изҳороташ гуфт, "мубориза барои Донбасс" шуруъ шудааст ва "қисми зиёди артиши Русия ҳоло дар ин муҳорибаҳо тамаркуз кардаанд". Ӯ дар як паёми видеоӣ рӯзи 18-уми апрел гуфт, "муҳим нест, ки чӣ қадар нерӯҳои русӣ ба он ҷо сафарбар шудаанд. Мо аз худ дифоъ мекунем."

Як мақоми аршади амниятии Украина Олексий Данилов гуфт, нерӯҳои русӣ талош доранд, хати дифоии украиниҳоро рахна карда, ба самти минтақаҳои Донетск, Луҳанск ва Харков бирасанд.

Андрей Ермак, раиси ситоди Зеленский инро "марҳилаи дуюми ҷанг" номидааст.

Вазорати дифои Русия ин муҳорибаҳоро ҳанӯз шарҳ надодааст. Рӯзи 18-уми апрел дар пайи як силсила ҳамлаҳои мушакӣ ба муассисаҳои низомӣ дар шаҳри ғарбии Лвови Украина дастикам 7 нафар кушта шуд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

СММ мегӯяд, 12 миллион кас дар ҷанги Украина овора шудаанд

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 18-уми апрел эълон кард, ки аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина то кунун аз чаҳор як қисми мардуми ин кишвар овора шудаанд.

Стефан Дуярич, сухангӯи дабири кулли СММ, ҳангоми нишасти хабарӣ дар бораи вазъи ҷанг дар Украина гуфт, ҳудуди 12 миллион нафар дар натиҷаи ин ҷанг овора шудаанд. Аз ин теъдод 4,9 миллион паноҳанда шуда, 7,1 миллион кас дар дохили Украина ба сар мебаранд.

Ин мақоми СММ дар идомаи суханони худ ба нақл аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, дар камтар аз ду моҳи ҷанг дар 136 ҳолат ба марказҳои тандурустӣ дар Украина ҳамлаҳо сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо дастикам 73 нафар ҷон бохта ва 52 тани дигар захмӣ шудаанд.

Сухангӯи СММ ҳамчунин гуфт, ин ниҳод акнун беш аз ҳазору 300 корманд дар Украина дорад, ки дар 8 маркази амалиётӣ дар саросари ин кишвар машғули кор ҳастанд.

Ӯ дар ниҳоят гуфт, Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ, "амиқан нигарон"-и идомаи ҳамлаҳо дар Украина аст. Ҳамлаҳое, ки ба кушта шудани ғайринизомиён ва зерсохторҳои ин кишвар боис мешавад.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Як ҳизби мухолифро дар Қазоқистон сабти ном накарданд

Рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳандаи ҳизби мухолифи "Алға, Қазақстан!" (Ба пеш, Қазоқистон!) барои сабти номи ин ҳизб ба Вазорати адлияи Қазоқистон рафт.

Аммо ташаббускорон натавонистанд, ба далели нодурустии санадҳояшон, сабти номро шуруъ кунанд. Жасарал Куанишалин, роҳбари гуруҳи ташаббускор гуфт, ҳадафи асосӣ аз сабти номи ҳизб - фаъолият дар порлумон аст.

"Сарфи назар аз он ки ҳизбҳои дигари мухолиф дорем, аммо онҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумат фаъолият мекунанд. Ҳизби воқеии сиёсӣ мавҷуд нест. Вазъи мо рушан аст - ба мо иҷозаи сабти номро намедиҳанд. Аммо ин вазъ то кай давом мекунад?", - гуфт вай.

Куанишалин афзуд, ки дар рӯйхати санадҳояшон санади маҷлиси кумитаи ташаббускор ва имзои ҳазор нафар аз гуруҳи ташаббускор намерасад. Гуруҳи ташаббускор тасмим дорад, дар фурсатҳои наздик ин санадҳоро ҷамъоварӣ кунад.

Куанишалини 73-сола моҳи феврали соли ҷорӣ эъломи таъсиси ҳизби навро карда буд.

Бино ба қонунгузории он кишвар, барои сабти номи ҳизби нав на камтар аз 20 ҳазор тарафдор зарур аст ва ташаббускорон бояд, бо иштироки на камтар аз ҳазор тани онҳо ҷаласаи таъсисдиҳии ҳизб баргузор кунанд. Мухолифон мегӯянд, мақомот танҳо ҳизбҳоеро сабти ном мекунанд, ки ба ҳукумат вафодор ҳастанд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Ҳабси Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси узбекистонӣ

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси маъруф ва коршиноси мустақили узбекистониро дар шаҳри Тошканд 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин бора хабарнигори узбекистонӣ Илёс Сафаров дар Фейсбук хабар дод.

Ба гуфтаи Сафаров, аз 17-уми апрел хонаводаи Раббимов наметавонад, бо вай тамос гирад. Пайвандони сиёсатшинос гуфтанд, вай пас аз зуҳри 17-уми апрел аз хона берун шудааст.

"Ҳамагӣ 5-6 сония бо вай суҳбат кардам. Дар ин суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки "Ман дар маҳбаси "Панелний" ҳастам. 15 рӯз". Ин маънои онро дорад, ки Камолиддин Раббимовро айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққати "Панелний" нигаҳ медоранд", - навишт Сафаров.

Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 17-уми апрел Раббимовро дар "дахолати беасос ба фаъолияти кормандони милиса, монеъ шудан ба кори онҳо ва иҷро накардани талаби қонуниашон" айбдор карданд.

Камолиддин Раббимов аз соли 2007 дар Фаронса зиндагӣ мекард. Чанд моҳи пеш ба Узбекистон баргашта буд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Ҳукумат барои хӯроки солиму ройгони хонандагон 5 миллион сомонӣ додааст

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини кӯдакон бо хӯроки солиму ройгон беш аз панҷ миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯянд, рӯзҳои наздик барномаи санҷиширо ба роҳ мемонанд.

Дастрасии хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳо бо ғизои гарм аз соли 1999 шуруъ шудааст. То ин замон Созмони Ҷаҳонии Ғизо ба мактабҳои Тоҷикистон хӯрок медод ва он аз равғану орд ва донагиҳо иборат буд.

Солҳои ахир қисме аз ин мавод аз тарафи Русия пешниҳод шудааст. Тавассути ин барнома ва мадади ниҳодҳои дигар дар ҳоли ҳозир ҳудуди 400 ҳазор кӯдак дар ду ҳазор мактаб дар рустоҳо бо хӯроки гарм таъмин шудаанд.

Талоши ҳукумат барои таъмини кӯдакон бо ғизои солим дар ҳолест, ки як таҳқиқи саросарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта нишон додааст, ки ба сабаби истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин дар кишвар садҳо ҳазор кӯдак қади кӯтоҳ доранду ҷисмашон дуруст инкишоф наёфтааст.

Бадриддин Музаффарзода, сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, гуфт, дар навбати аввал ин барнома 24 мактабро ба истиснои шаҳри Душанбе фаро мегирад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, барномаи санҷишии хӯроки мактабӣ бештар дар митақаҳое, ки сатҳи зиндагияшон паст аст, равона мешавад.

Намояндаи Вазорати маориф ва илм гуфт, ҳамчунин дар ҳоли ҳозир дар мактабҳо ассосиатсияи волидону омӯзгор ҳаст, ки ихтиёран барои бо хӯроки гарм таъмин намудани фарзандонашон мадад мерасонанд.

Қарор аст, то соли 2027 дар тамоми мактабҳои кишвар таъмини кӯдакон бо ғизои солиму ғанӣ ва бепул роҳандозӣ шавад.

Писари хурдии Гулчеҳра Каримова дар синфи сеюми яке аз мактабҳои ноҳияи Ховалинг таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, дар мактаб барои писараш як “пирожки” ва гоҳе нахудшӯрбо медиҳанд.

"Ҳарчанд миқдори хӯрок хеле кам аст, вале метавонад, писарамро аз хӯрдани “Ролтон” боз дорад. Агар ин танҳо аз ҳисоби кумакҳо не, балки аз ҳисоби ҳукумат бештар шавад, кори хуб мешавад," – афзуд ӯ.

Аммо онҳое ҳам ки аз ҷавобгӯ набудани ошхонаҳо ва бо таъхир пешниҳод шудани ғизо дар мактабҳои дурдасти кишвар нигаронӣ мекунанд, кам нестанд.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎