Шрифт
"Созишномаи лағви раводид базудӣ ба иҷро медарояд". ВИДЕО, АКС
Play

"Созишномаи лағви раводид базудӣ ба иҷро медарояд". ВИДЕО, АКС

Сокинони Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд, ки ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд. Дар ин -бора рӯзи 9-уми март раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пас аз мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар "Қасри Миллат"-и Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Ин созишнома ва дар маҷмӯъ 27 санади ҳамкорие, ки имрӯз имзо шуданд, пас аз мувофиқати парлумонҳои ду кишвар ба ҳукми иҷро медароянд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чанд вакили парлумон ва дипломатҳои баландпоя гуфтанд, ки бо назардошти аҳамияти сиёсии санади лағвкунандаи виза барои шаҳрвандон, ҷараёни тасвиби он ҳам аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар зиёд тӯл намекашад ва дар фурсати наздиктарин тасвиб хоҳад шуд.

"Ин санадест, ки қабули онро мардуми ду кишвар муддатҳо интизор буданд ва ҳоло танҳо як расмият мондааст, ки баъди тай кардани он дигар дар фурсати як ҳафта ё даҳ рӯз санад қонунӣ мешавад",- гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз вакилони парлумони Тоҷикистон.

Сафари таърихии Мирзиёев ба Тоҷикистон

Дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе, миёни ду кишвар дар маҷмӯъ 27 созишнома ва санадӣ байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шудааст.

25 АКС аз ҷараёни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон
  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter
  • Ба дигарон фиристед

​Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотии худ сафари Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистонро "таърихӣ" хонд ва гуфт, ки "мо ба созиши таърихӣ бо Узбекистон даст ёфтем". Ӯ ҳамчун гуфт, ки ният доранд, ки ҳаҷми доду гирифт миёни ду кишварро дар оянда то ба 1 миллиард доллар бирасонанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон марзи ду кишварро "сарҳади дӯстӣ" номид ва гуфт, ба созиш расиданд, ки аз захираҳои кӯли Сарез барои рушди ду кишвар истифода кунанд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ин сафараш аз он ҷиҳат таърихӣ аст, ки ҳайатҳои ду кишвар ҳама масъалаҳоро ҳал карданд. "Агар аз ман суол кунед, ки ягон масъалаи муҳими ҳалношуд боқӣ монд ё не, ман дақиқан мегӯяд, ки не",-афзуд Шавкат Мирзиёев.

Вай гуфт, ки гуфтугӯҳояшон бо тарафи Тоҷикистон осон набуд, аммо ҷонибҳо мақсади ягонаи ҳалли ин масоилро доштанд. "Талошҳои мо хости мардуми ду кишвар буд ва мақсади ягонаи мо ҳам хурсанд кардани мардум аст",-афзуд вай.

Ниёзи Узбекистони ба захираҳои барқи обии Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар иртибот ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби кишвараш дар бунёди тарҳҳои энержии Тоҷикистон, дар ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро баён кардааст.

Вай аз ҷумла гуфт, "ҳарчанд дар масъалаи Роғун, ки хеле мавзӯи ҳассос буд, мо ба мувофиқа расидем, комиссияи махсус дар ин масъала корро идома медиҳад ва ҳатто имконоти бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Зеро Узбекистон тасмим гирифтааст, дар 5 соли баъдӣ 32 дарсади нерӯи истифодашавандаашро аз ҳисоби нерӯи барқи обӣ таъмин кунад. Ҳеҷ кишваре мисли Тоҷикистон имконоти фарохи захираҳои барқи обиро надорад ва мо инро муштарак истифода хоҳем кард."

Сафари бевиза ва сирӯза ба Узбекистон имконпазир шуд
  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад

  • 270p | 8,3MB
  • 360p | 12,7MB
  • 720p | 28,5MB

Мирзиёев: "Аз чашмони мардум хондам, ки тоҷикон хоҳони гармии равобит ҳастанд"

Шавкат Мирзиёев дар оғози мулоқоти як ба як бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаштам, аз чашмони мардум мехондам, ки мардуми тоҷик ташнаи гарм шудани равобит бо Узбекистон ҳастанд".

Раиси ҷумҳури Узбекистон ин сафари худ ба Душанберо "таърихӣ" номид ва гуфт "ин сафар воқеан таърихӣ аст ва умедворам, ки робитаҳои ду кишвар дар ояндаи назди ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ бардошта мешавад". Раиси ҷумҳури Узбекистон ҳамчунин гуфт, тӯли чандин сол Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои начандон хуб доштанд ва ҳоло мардуми ду кишвар аз ин сафари ӯ интизориҳои зиёд доранд.

Ба қавли Мирзиёев, гарм шудани равобити Тоҷикистону Узбекистон дар як соли ахир самараи заҳматҳои руасои ду кишвар аст, ки дар чандин мулоқоту гуфтугӯҳо садду мушкилиҳои дар тӯли солҳои гузашта ҷамъшударо баррасӣ ва роҳи ҳалли онро пайдо карданд.

Шиллики 21 гулӯла ба эҳтироми Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи 9-уми март бо сафари давлатӣ вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Узбекистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд.

Маросими расмии истиқбол аз раиси ҷумҳури Узбекистон дар "Қасри Миллат" сурат гирифт ва ба истиқболи Шавкат Мирзиёев 21 гулӯлаи тӯп ба ҳаво андохта шуд.

Пас аз музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Маҷмааи "Истиқлол" форуми соҳибкорони ду кишвар бо ширкати руасои ҷумҳури ду кишвар баргузор шуд. Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ширкату корхонаҳои истеҳсолии Узбекистон, ки дар маҷмаии "Манеж" баргузор шуд, иштирок карданд. Ин намоишгоҳ то рӯзи 11-уми март идома хоҳад кард.

Соҳибкорони Узбекистон дар ҷустӯҷуи бозор дар Тоҷикистон
  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад

  • 270p | 4,6MB
  • 360p | 6,6MB
  • 720p | 15,4MB

Яке аз бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи барномаи сафари мақомоти Узбекистон ба Тоҷикистон -- баргузории консерти муштараки устодони ҳунари ду кишвар дар "Кохи Борбад"-и Душанбе буд, ки "Шоми Дӯстӣ" ном дошт ва шоми рӯзи 9-уми март баргузор шуд. Дар ин барномаи ҳунарӣ овозхонҳои маъруфи ду кишвар Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, дастаҳои ҳунарии "Лазги" ва "Шашмақом"-и Узбекистон ҳунарнамоӣ кунанд.

Дар рӯзи дувуми сафари оқои Мирзиёев ба Тоҷикистон --10-уми март, мулоқоти ӯ бо раиси порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазир Қоҳир Расулзода дар назар аст. Таҳлилгарон сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон-ро "таърихӣ" унвон мекунанд, чун ин нахустин сафари давлатии раҳбари кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар 18 соли охир мебошад.

Робитаҳо гармтар мешаванд

Дар оғози моҳи марти имсол Тоҷикистону Узбекистон расман 9 гузаргоҳи марзиро дар миёни ду кишвар ифтитоҳ карданд ва муқаррароти аз солҳои пеш амалкунандаи убуру мурури бидуни раводид барои сокинони наздимарзӣ, ки ахиран кор намекард, дубора фаъол шуд.

Ҳоло шаҳрвандони ин ду кишвар умедворанд, ки баъди сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва имзо шудани созишномаҳои ҳамкорӣ, эҳтимоли бардошта шудани низоми раводид пурра ҳал мешавад. Дар ин сурат сокинони ду кишвар новобаста аз маҳалли зисташон метавонанд бидуни мамноиат вориди кишварҳои ҳамдигар шаванд.

Мақомоти ду кишвар мегӯяд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу колои миёни ду кишвар чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар баробар шуд ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳадде об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед (76)

Пахши зинда: Барномаҳои Радиои Озодӣ

Маҷаллаи бомдодӣ

Тозатарин ахбор ва гузоришҳои марбут ба Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон  дар маҷаллаи бомдодии Радиои Озодӣ

Интихоби хонанда:

Пурхонандаҳо Боздошти "шоҳиди марги Гулбиддин Зиёбеков" дар Бадахшон Беш аз 9 миллион доллар. Ҳисоби бонкии Қосим Роҳбарро дар Швейтсария ёфтаанд. ВИДЕО Дар Хатлон шаҳрванди Эрону дӯсти тоҷикашро ба зиндон андохтанд Тоҷикистону Русия розӣ шудаанд, ки ба муҳоҷирон нафақа диҳанд, вале бо як шарт. ВИДЕО Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт Размикори тоҷик амалкарди варзишгари қирғизро ситоиш кард Меросбари Фирташ ва Зайд Саид. Соҳиби нави "Азот" шахси номаълум, аммо "хуштолеъ" аст Маҳмадюсуф Имомзода барканор шуд. Раҳим Саидзода – вазири нави маорифи Тоҷикистон Маъданҳои Тоҷикистонро кадом кишвар бештар истихроҷ мекунад? “Раис мухлисат ҳаст, савол надеҳ”. Бардошт аз нишасти раиси вилояти Хатлон. ВИДЕО Пурбаҳстаринҳо Беш аз 9 миллион доллар. Ҳисоби бонкии Қосим Роҳбарро дар Швейтсария ёфтаанд. ВИДЕО (64) "Гуфт, барои таҳқири домулло посух мегӯӣ." Ҳабси ҷавоне бо гумони таҳдид ба Абдуқодир Талбаков. Модараш хабар надорад. ВИДЕО (33) Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт (29) Меросбари Фирташ ва Зайд Саид. Соҳиби нави "Азот" шахси номаълум, аммо "хуштолеъ" аст (22) Путин "истиқлол"-и ду минтақаи ҷудоиталаби Украинаро ба расмият шинохт. Ғарб ҳушдор дод (20) Тоҷикистону Русия розӣ шудаанд, ки ба муҳоҷирон нафақа диҳанд, вале бо як шарт. ВИДЕО (19) “Раис мухлисат ҳаст, савол надеҳ”. Бардошт аз нишасти раиси вилояти Хатлон. ВИДЕО (16) Интихоботи зудҳангом дар Туркманистон. Номзадии Сардор Бердимуҳаммадов пешниҳод шуд (15) "Ба муҳоҷират рафтанд". Сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. ВИДЕО (15) Чаро ба кор дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон (на)мераванд? (14) Пурбинандаҳо Таркиш ва сӯхтор дар як НФС-и Қубодиён Ҳабси маъмурии ҷавони муттаҳам бо ҳамла ба Абдуқодир Талбаков Видоъ бо "ҷентелмен"-и саҳнаи тоҷик Аловуддин Абдуллоев Таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон. Ҷонибдорону мухолифон чӣ мегӯянд? Тоҷикистону Русия дар масъалаи нафақаи муҳоҷирон ба созиш расидаанд. Эмомалӣ Раҳмон вазири маорифро аз мақомаш барканор кард Нишасти раиси вилояти Хатлон бидуни суол аз Радиои Озодӣ доир шуд Ҳисоби бонкии вазири собиқи тоҷикро дар Швейтсария "ёфтанд" Фиребо гурдаашро фурӯхт, то пуле барои пешбурди рӯзгораш пайдо кунад Идораи андози Суғд исрор меварзад, ки аз ходимони табаҳкор халос мешавад Пуршунавандаҳо Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи бомдодӣ Гуфтугӯ бо Ҷумъабой Сангинов. Аз баҳси марзӣ то порлумони тоҷик Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи шомгоҳӣ Маҷаллаи бомдодӣ Маҷаллаи шомгоҳӣ Маҷаллаи шомгоҳӣ Маҷаллаи бомдодӣ
  • Пайгирӣ кунед
  • Дар бораи Озодӣ
  • Иҷозаи истифода аз матолиби Озодӣ
  • Маълумоти хусусӣ
  • Қоидаҳо
  • Роҳҳои тамос бо мо
  • Саҳифаи хонандагон
  • Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
  • Замимаи Озодӣ дар iOS
  • Дар Смарт ТВ

Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2021 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎